расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Бунёди корхонаи тавлиди трансформатор дар Гулистон

Асосӣ / Иқтисодиёт

Бунёди корхонаи тавлиди трансформатор дар Гулистон

Мақомоти Суғд хабар додааст, ки коргоҳи нави трансформаторбарорӣ дар масоҳати 0,45 га сохта мешавад, ки асосан ба таъмири дастгоҳҳои барқӣ машғул мегардад

Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсол ва таъмири трансформатор амалӣ гардида истодааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, коргоҳи мазкур дар масоҳати 0,45 га қомат афрохта, асосан ба таъмири дастгоҳҳои барқӣ машғул мегардад.
Дар асоси лоиҳа бинои маъмурӣ ва коргоҳи истеҳсолӣ бунёд гардида, баробари фаъол гаштани он 10 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд.
Манбаъ қайд кардааст, ки ахиран роҳбарияти вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардид.
Ҳамзамон роҳбарияти вилоят дар шаҳри Гулистон ҳамчунин аз бунёди фабрикаи мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Парандаи заррин" хабар доданд.
Ин фабрика дар масоҳати 2 гектар доман паҳн карда, дар он дар марҳилаи аввал ду иншоот барои парвариши парранда бунёд гардидааст.
Дар ин фабрика дар як навбат то 20 ҳазор мурғ парвариш мешавад. Ҳамчунин дар шафати фабрикаи парандапарварӣ масъулин азм доранд, ки коргоҳи истеҳсоли равған ба истифода диҳанд.

sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.