расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар Айнӣ боз як манора пайдо шуд

. / Ҷомеа

Дар Айнӣ боз як манора пайдо шуд


Дар Айнӣ боз як манора пайдо шуд

Дар даромадгоҳи маркази ноҳияи Айнӣ, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Самарқанд манора (стелла) бо чароғакҳои ранга ба истифода дода шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии мақомоти вилояти Суғд.
Гуфта мешавад, ки ин манора бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.
«Баландии манора 13 метр, паҳноии он 4 метрро ташкил медиҳад. Дар болои он рамзи кураи замин ҷойгир буда, бо чароғакҳои ранга ва парчам оро дода шудааст», — омадааст дар хабарнома.Бояд зикр кард,ки дар маркази Айнӣ-деҳаи Варзи Манор манораи таърихие ҳаст,ки чанд аср пеш бунёд гардида будааст.
Манбаъ афзуда, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Айнӣ ба нақша гирифтаанд, ки то ҷашни миллӣ сохтмони бинову иншооти ҷашнӣ, аз қабили роҳҳо, коргоҳҳои дӯзандагӣ, сартарошхона, китобхона, ҳуҷраи хатна, ҳаммом, бунгоҳи тиббӣ, дорухона, мағоза, синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ ва ғайраҳоро дар муддати кӯтоҳтарин ба истифода диҳанд

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.