расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Сарвазири Ӯзбекистон: “Савдои дуҷониба ба имконоти давлатҳои мо ҷавобгӯ нест”

Асосӣ / Сиёсат

Сарвазири Ӯзбекистон: “Савдои дуҷониба ба имконоти давлатҳои мо ҷавобгӯ нест”

Ӯ пешниҳод кард, ки ояндаи наздик гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Ӯзбекистон то 1 млрд доллар расонида шавад.

Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов
Сурат: khovar.tj
Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов зимни вохӯрӣ бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 29 сентябр дар мавриди таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба як қатор пешниҳодҳо кард.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, аз ҷумла, Орипов дар бораи зарурати ояндаи наздик зиёд кардани ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон то ба 1 млрд доллар изҳори назар кардааст.
“Савдои дуҷониба ба имконоти кишварҳои мо ҷавобгӯ нест, - гуфтааст Орипов. - Солҳои наздик мо бояд ҳаҷми онро то ба 1 млрд доллар расонем. Барои ин аз ҳама имконот бархӯрдорем, зеро захираҳои зиёди истифоданашуда дар ин самт мавҷуд аст”.

Ӯ қайд кардааст, ки соли равон бар асари сирояти коронавирус ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ коҳиш ёфта, лекин бо Тоҷикистон ба андозаи 4,3% афзуд ва 317 млн долларро ташкил дод.
Ба ақидаи сарвазири кишвари ҳамсоя, “вақти он расидааст, ки ба ҳамкориҳо дар соҳаи маорифи илм ва тиб низ густариши бештар бахшида шавад”.
Абдулло Орипов инчунин пешниҳод кардааст, ки соли оянда форумҳои муштараки зиёиён ва ҷавонони ҳар ду кишвар, рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон гузаронида шуда, дар Душанбе як силсила консетҳои муштарак ва дигар чорабиниҳо роҳандозӣ карда шавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.