расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Раванди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид

Асосӣ / Иқтисодиёт / Ҷаҳон

Раванди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид

15 май дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раванди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Квон Донгсок,  Президенти Ҷамъияти дӯстии Корея бо давлатҳои Осиёи Марказӣ Ли Ок-Рён, профессори Институти боғдории байналмилалӣ Со Мёнг Ҳунх, мудири ширкати Шарикони ҷаҳонии Корея Ҳён Ҳе Ён ва дигар намояндагони Корея масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар самти рушди муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, саноат ва кишоварзӣ, маориф, ҷалби соҳибкорони кореягӣ ба иқтисоди вилоят, таҳкими муносибатҳои дӯстона байни минтақаву вилоятҳои ду давлат, сайёҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва дигар мавзуъҳоро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Маркази омӯзиши забони кореягӣ ифтитоҳ мегардад. Марказ барои омода намудани мутахассисон ва минбаъд фаъолият намудани онҳо дар корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Корея мусоидат менамояд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.