расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом

Дар роҳи мошингарди Хуҷанд-Конибодом бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда рух дод, ронандаи воситаи нақлиёт ва 2 мусофир ба ҳалокат расиданд.
Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, соати 20:30 дақиқаи рӯзи 12 май ба шуъбаи навбатдории Кумита хабар расидааст, ки дар қитъаи роҳи мошингарди Хуҷанд-Конибодм дар ҷамоати Лоҳутӣ садамаи нақлиёти марговар рух додааст.
“Вақте ки имдодгарон ба ҷойи ҳодиса ҳозир мешаванд, маълум мешавад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Toyota Avensus», сокини 40-солаи шаҳри Исфара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат меравад ва ба автомашинаи тамғаи «Lexus» бармехӯрад, ки дар натиҷа ронанда ва ду мусофир дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - зикр мегардад дар хабар.
Гуфта мешавад, имдодгарон ҷасадҳоро аз дохили автомашина берун оварда, ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар ба ронандагон хотиррасон менамояд, ки зимни ҳаракат қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бахусус реҷаи суръатро қатъиян риоя кунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.