расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Дар пайи тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як омӯзгори тоҷик захмӣ шуд. Тафсилоти пурраи ҳодиса

Асосӣ / Сиёсат / Ҳаводис

Дар пайи тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як омӯзгори тоҷик захмӣ шуд. Тафсилоти пурраи ҳодиса

Дирӯз, 7-уми май, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронии навбатӣ рух дод, ки дар натиҷа як шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ шуда, ҳоло дар беморхона бистарӣ аст. Мақомоти расмии ду кишвар ҳодисаро ба таври гуногун шарҳ доданд.

Захмӣ шудани омӯзгории тоҷик аз тири сарҳадобонони қирғиз

КДАМ Тоҷикистон гуфт, ҳодиса дар ҳудуди Тоҷикистон рух додааст ва вақте шаҳрванди кишвари мо мехост аз тақдири писараш, ки дар хаттии сарҳад боздошт шуда буд, пурсад, сарҳадбонони қирғиз ҷонибаш тир кушоданд, ки дар натиҷа ӯ захмӣ шуд.
“7-уми май, тахминан соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ шаҳрванди Тоҷикистон Абдуллоев Олимҷон Ҳусейнович, соли таваллудаш 1990, миллаташ ӯзбек, муаллими таърихи мактаби миёнаи №4-и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, бо мақсади аз сарнавишти писари ноболиғаш, хонандаи мактаби миёна Абдуллоев Рамазон, ки дар хатти сарҳади давлатӣ боздошт шуда буд, ният дошт, ба ҳарбиёни қирғиз, ки дар деҳаи Сулютка мустақар буданд, муроҷиат кунад”,-омадааст дар изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон, ки онро навишт хабаргузории “Ховар” хнашр кард.

Ба гуфтаи ин ниҳод шаҳрванди Тоҷикистон “ягон амал ё кирдоре, ки ба принсипҳои ҳамсоягии нек мухолиф аст, нишон надодааст, вале ба муқобили ӯ яроқи оташфишон истифода шуд, ки дар натиҷаи он ярадор гардид”.
Таъкид шуда, ки мақомоти дахлдори ду кишвар ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд ва вазъият дар марз таҳти назорат аст.

КДАМ Қирғизистон “Дар кадом шароит ва кай бардоштани захм маълум нест”

Дар ҳамин ҳол, КДАМ Қирғизистон дар изҳороти худ навишт, ки ҳодиса тахминан соати 12:20 ба вақти маҳаллӣ дар наздикии минтақаи аҳолинишини Ак-Босогои ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд рух додааст.
Ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, дар 250-300 метрии хатти сарҳади давлатӣ марзбонони Қирғизистон чӯпононеро, ки дар ҳудуди Қирғизистон чорво мечаранд, мушоҳида карданд.
“Шаҳрвандони Тоҷикистон ба талаби марзбонон дар бораи хуруҷ аз қаламрави Қирғизистон беэътиноӣ карда, ба сарбозон сангпартоӣ карданд”, - омадааст дар хабари ҷониби Қирғизистон.
Инчунин, иддао мешавад, ки “яке аз чӯпонҳо ба сӯи марзбони Қирғизистон 2-3 тир холӣ кардааст”. Аз кадом силоҳ маълум нест.
“Барои ҷилавгирӣ марзбонони Қирғизистон ба ҳаво тири ҳушдор мезананд, ки пас аз он чӯпонон ба қаламрави Тоҷикистон фирор кардаанд. Бино ба гузоришҳои таъйиднашуда, яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз пояш захмӣ шудааст. Аммо дар кадом шароит, кай ва дар куҷо бардоштани захм маълум нест, зеро мақомоти интизомии Тоҷикистон танҳо аксеро пешниҳод кардаанд. Дар миёни марзбонони қирғиз талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”, - хабар медиҳад ҷониби Қирғизистон.

Вазъи дар сарҳад муътадил аст

Интизор меравад, ки барои рӯшан кардани вазъ мулоқоти намояндагони марзбонии ҷонибҳо баргузор шавад. Дар ҳоли ҳозир вазъ дар сарҳади ду кишвар мӯътадил арзёбӣ мешавад.
Зимнан, Нодир Усмонзода, раиси деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, дирӯз ба Радиои Озодӣ гуфтааст, Олимҷон Абдуллоев ва писараш чӯпон нестанд, балки чорвои худро барои чаронидан бурда буданд.
“Ҳодиса аз он сар шудааст, ки писари Олимҷон молҳояшонро бонӣ мекард, вале сарбозони Қирғизистон ба онҳо дарафтодаанд. Баъдан падараш бохабар шуда, ба ҷойи ҳодиса меравад ва дар баҳсҳо аз пояш тир мехӯрад. Онҳо бо худ силоҳ надоштанд ва ба сӯи ҳеч кас тир накушодаанд”, - афзудааст Усмонзода.
Ӯ таъкид кардааст, ки “ҳодиса дар ҳудуди Тоҷикистон рух додааст, на дар Қирғизистон”.

Даргирӣ пас аз ду соли хомӯшӣ

Пас аз ду соли хомӯшӣ ва амният, ин нахустин хабар дар бораи тирпарронӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аст, ки ду ҷониб онро ба шеваҳои гуногун шарҳ доданд.
Охирин даргирии мусаллаҳона моҳи сентябри соли 2022 рух дод, ки тибқи иттилои расмӣ дар он 41 шаҳрванди Тоҷикистон ва 63 шаҳрванди Қирғизистон кушта шуданд.
Пас аз ин ҷонибҳо чанд мулоқоту музокирот, аз ҷумла дар сатҳи олӣ доир намуда, ба низоъҳо ба таври муассир хотима гузоштанд ва комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ бештар ба баргузории ҷаласаҳо ва мувофиқа кардани қитъаҳои хатти баҳсбарангези сарҳадӣ шурӯъ кард.
Мулоқотҳо дар ҳарду кишвар бо навбат баргузор мешаванд ва дар бештари маврид ҷузъиёти музокирот расонаӣ намешавад.
Бори охир рӯзи 15 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғди Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои корӣ баргузор гардид, ки дар паи он ҷонибҳо изҳороти муштарак доданд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 3-юми май Марат Имонқулов, дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон гуфт, Қирғизистон ва Тоҷикистон метавонанд гузинаи табодули қаламрав барои ҳалли масъалаи марзро баррасӣ кунанд.
“Кори демаркатсияи сарҳад ба охир расида истодааст, ҳарчанд дар маҷмуъ, муайян ва аломатгузории ин раванд бо Тоҷикистон оҳиста пеш меравад. Мутаассифона, мо ду муноқишаро аз сар гузарондем. Бо талафот дар байни низомиён ва ғайринизомиён. Мардум ташвиш доранд. Нигаронӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ ҳаст. Ҳам аз тарафи мо ва ҳам аз тарафи онҳо”, - гуфт Марат Имонқулов.
Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳҳои кории ду кишвар “метр ба метр пеш мераванд” ва таъйини марз дар баъзе аз қитъаҳо, аз ҷумла вилояти Бодканди ҳамсарҳад бо Тоҷикистон, “душвор” аст. Чунки сарҳад дар онҷо “аз маҳалҳои аҳолинишин, кӯчаву ҳавлӣ ва ҳатто хонаҳо мегузарад”.

Созишномаи ниҳоӣ кай ба имзо мерасад?

Саймумин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи Тоҷикистону Қирғизистон, қаблан иттилоъ дода буд, ки 90 дарсади сарҳади давлатӣ байни ду кишвар муайян ва мувофиқа шудааст.
Моҳи феврали соли равон, дар вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Жээнбек Кулубаев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон таъкид шуда буд, ки “тайи чор моҳи гузашта ҷонибҳо навиштаҷоти лоиҳавӣ ва кории тақрибан 196 километри хатти сарҳади давлатиро ба мувофиқа расониданд”.
Рӯзи  10-уми январи соли 2024 Ҳакан Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия пас аз вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки имзои созишнома оид ба марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи март таъйид шудааст.
Аз ин пештар, Садир Жапаров президенти Қирғизистон низ дар ин робита зикр карда буд, ки анҷоми ҳамаи корҳо оид ба таъйин ва аломатгузории марзи давлатии кишварҳо баҳори соли 2024 дар назар аст.
Тавре дида мешавад, баҳор ҳам дар ҳоли анҷомёбӣ аст, вале ҳайатҳои гурӯҳи корӣ дар аломатгузории ду кишвар ҳамрӯза вохӯрда, баъзе нуктаҳоро мувофиқа ва протоколҳо имзо мекунанд. Вале ин қитъаҳо ва протоколҳо барои ҷомеа ошкор нест.
Ёдовар мешавем, ки масофаи умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад.  Ҷонибҳо чанд бор таъкид карданд, ки 90 дарсади хатти марз мувофиқа шудааст, аммо баҳс сари кадом қитъаҳои мушаххас меравад, маълум нест.
Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст. Аммо вақтҳои охир ҳайатҳои кории ҳарду кишвар пайваста мулоқотҳо мекунанд ва дар мавриди ҳалли баҳс аз пешрафтҳо ҳарф мезананд, лекин созишномаи ниҳоӣ то ҳол имзо нашудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.