расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Дар радабандии ФИФА мунтахаби футзали Тоҷикистон байни 139 кишвар зинаи 34-умро ишғол кард

Асосӣ / Варзиш

Дар радабандии ФИФА мунтахаби футзали Тоҷикистон байни 139 кишвар зинаи 34-умро ишғол кард

Федератсияи байнулмилалии Ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) барои аввалин бор дар таърих радабандӣ (рейтинг)-и ҷаҳонии дастаҳои футзалро миёни дастаҳои миллӣ эълон кард.
Тавре ки дар сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода мешавад, бар асоси раддабандии ФИФА тими миллии футзали Тоҷикистон бо касби 1167,37 хол дар байни 139 кишвари ҷаҳон дар зинаи 34-ум қарор дорад.

Аз рӯйи натиҷагирии Ҷоми Осиё-2024, ки чанде пеш дар Бангкок ба анҷом расид, мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов мақоми 4-умро касб карда, бори аввал дар таърихи худ соҳиби роҳхат ба чемпионати ҷаҳон гардид. Ҷоми ҷаҳон имсол аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ӯзбекистон барпо мегардад.
Дар Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд футзалбозони Тоҷикистон 6 вохӯрӣ анҷом доданд. Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот футзалистони тоҷик бар тими Кореяи Ҷанубӣ (2:0) пирӯз шуда, инчунин бо дастаҳои Қирғизистон (2:2) ва Ҷопон (1:1) мусовӣ карданд. Дастаи Пайрав Воҳидов дар даври чаҳорякниҳоии мусобиқот бар Афғонистон (2:1) зафар ёфт.
Футзалбозони Тоҷикистон даври ниманиҳоӣ аз тими миллии Тайланд (вақти асосӣ – 3:3, аз рӯйи пеналти – 5:6) ва дар бозӣ барои ҷойи севум аз тими миллии Ӯзбекистон (вақти асосӣ – 5:5, аз рӯйи пеналти – 1:3) шикаст хӯрданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.