расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲУШДОР АЗ СЕЛУ БОРИШОТИ РӮЗҲОИ 3, 4 ВА 5 МАЙ ДАР ТОҶИКИСТОН

Асосӣ / Ҷомеа

ҲУШДОР АЗ СЕЛУ БОРИШОТИ РӮЗҲОИ 3, 4 ВА 5 МАЙ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҲУШДОР АЗ СЕЛУ БОРИШОТИ РӮЗҲОИ 3, 4 ВА 5 МАЙ ДАР ТОҶИКИСТОН
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар қаламрави кишвар рӯзҳои оянда ҳавои номусоид дар назар аст. Чунончӣ, рӯзҳои 4-5 майи соли 2024 дар як қатор ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои вилояти Хатлон, бахусус навоҳии Хуросон ва Ёвон, ҳамчунин ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ боронҳои шадид меборанд. Дар як қатор ноҳияҳо эҳтимоли раъду барқ, шиддат гирифтани шамол бо суръати 15-20 м/с вуҷуд дорад.
3 майи соли 2024 дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва 4-5 май дар аксар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, навоҳии кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои ҷудогонаи вилояти Хатлон (Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Восеъ, Ёвон, Хуросон ва шаҳри Кӯлоб), ҳамчунин қаламрави ноҳияи Дарвоз омадани селҳо дар назар дошта шудааст.
4-5 май баланд шудани сатҳи об бар асари боронҳои пуршиддат дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, эҳтимол дорад.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо то ҳадди имкон аз сафар аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, сайру гашт дар қаламрави кишвар худдорӣ намоянд. Ба кӯҳу доманакӯҳҳо ба ҷамъоварии занбурўғҳо, гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, шикор, чорвочаронӣ ва моҳидорӣ ба соҳили обҳо нараванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.