расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » “Сомон Эйр” аз Хуҷанд ба Урумчӣ хатсайри мустақим роҳандозӣ мекунад

Асосӣ / Ҷомеа / Ҷаҳон

“Сомон Эйр” аз Хуҷанд ба Урумчӣ хатсайри мустақим роҳандозӣ мекунад

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳои мустақими мунтазамро бо хатсайри Хуҷанд-Урумчӣ-Хуҷанд ба роҳ мемонад. Акнун сокинони Хуҷанд имкон пайдо мекунанд, ки мустақиман аз шаҳри худ ба Урумчӣ сафар кунанд.
Тавре ки хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ хабар медиҳад, парвози аввалин бо ин хатсайр рӯзи 16 май сурат мегирад.
Дар ширкат зикр карданд, ки парвозҳо аз Хуҷанд ба Урумчӣ ҳафтае як маротиба рӯзҳои панҷшанбе ва бозпас - рӯзҳои ҷумъа анҷом дода мешаванд.
Вақти парвоз аз Хуҷанд ба Урумчӣ соати 21:00 вақти маҳаллӣ ва аз Урумчӣ ба Хуҷанд - соати 04:00 вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.Ҳамаи парвозҳо бо ҳавопаймоҳои тамғаи Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 анҷом дода мешаванд.
Айни замон ширкати “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Урумчӣ парвозҳо анҷом медиҳад. Парвозҳо рӯзҳои сешанбе ва ҷумъаи ҳафта сурат гирифта, вақти парвоз соати 22:30 бо вақти маҳаллӣ ва аз Урумчӣ ба Душанбе рӯзҳои чоршанбе ва шанбе соати 03:30 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” айни замон парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон муваффақона анҷом медиҳад.
Ширкат ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900-ро дар ихтиёр дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.