расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ 135 МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ВА ҚИРҒИЗ ДАР ЯК РЕЙД ДАР БОЗОРИ КРАСНОЯРСК

Асосӣ / Ҷомеа

БОЗДОШТИ 135 МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ВА ҚИРҒИЗ ДАР ЯК РЕЙД ДАР БОЗОРИ КРАСНОЯРСК

БОЗДОШТИ 135 МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ВА ҚИРҒИЗ ДАР ЯК РЕЙД ДАР БОЗОРИ КРАСНОЯРСК
Дар поёни ҳафтаи гузашта дар ҷараёни як рейд дар бозори ноҳияи Ленини шаҳри Красноярск дар минтақаи Сибири Русия кормандони пулис 135 муҳоҷир аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро боздошт кардаанд. Дар видеое, ки ҳамроҳ бо ин хабар пулиси Красноярск нашр кард, дида мешавад, ки дар байни боздоштшудагон зану духтарон ва ҳатто кӯдакон низ ҳастанд.
Гуфта мешавад, бо муҳоҷирони дастгиршуда пиромуни худдорӣ аз қонуншиканиҳо суҳбат гузаронда, дастгиршудаҳоро дар мавриди даст доштан ё надоштанашон дар ҷиноятҳо тафтиш карда, ҳатто оби даҳонашонро ҳам барои ташхис гирифтаанд. Пеш аз гирифтани намунаҳои эпителий (оби даруни даҳон) кас бояд камаш 2 соат чизе нахӯрад ва ин ба маъноест, ки муҳоҷиронро чандин соат дар пулис дар боздошт нигоҳ доштаанд. 
Ва аммо ин рейд дар ниҳоят мисли рақами бадвоҳимаи боздоштшудагон чандон “серҳосил” анҷом наёфтааст. Аз байни ин 135 муҳоҷири дастгиршуда ба 3 нафаре, ки шаҳрвандии Русияро ба даст оварда будаанд, дастур додаанд, то дар комиссариати ҳарбӣ худро сабти ном кунад. Ба зидди 6 дастгиршуда барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират  8 протокли маъмурӣ тартиб додаанд ва акнун ба 3 муҳоҷир хатари таҳдид аз Русия таҳдид мекунад. Як муҳоҷири дигарро  бошад барои ... вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ рондани мошин якбора 4 протокол кардаанд.
Рейдҳои зидди муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик, ва маҳдудиятҳои дигар дар роҳи сафар ба Русия, ба бавижа баъди ҳамлаи хунини террористии рӯзи 22 марти соли 2024 дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав, ки 145 кушта ба ҷо гузошт, афзоиш ёфтааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.