расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » НОТАИ ЭЪТИРОЗӢ БА САФИРИ РУСИЯ ДАР БОБАТИ ПОЙМОЛ ШУДАНИ ҲУҚУҚИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК

Асосӣ / Муҳоҷир

НОТАИ ЭЪТИРОЗӢ БА САФИРИ РУСИЯ ДАР БОБАТИ ПОЙМОЛ ШУДАНИ ҲУҚУҚИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК

НОТАИ ЭЪТИРОЗӢ БА САФИРИ РУСИЯ ДАР БОБАТИ ПОЙМОЛ ШУДАНИ ҲУҚУҚИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК
Дар нимаи аввали рӯзи 29 апрели соли 2024 ба сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ёддошт, ё нотаи эътирозии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон “бо изҳори нигаронии ҷиддӣ вобаста ба муносибати дағалона нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо ки ба таври оммавӣ, ки дар Федератсияи Русия сурат мегирад”, супорида шуд. Бино ба иттилои расмӣ, дар ёддошт таъкид шудааст, ки “ин гуна амалҳо танҳо нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон амалӣ шуда, ба рӯҳия ва анъанаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Русия комилан мувофиқ нест”.
Матни нотаи эътирозии вазорати хориҷа ба сафири Русияро бархе расонаҳои давлатӣ нашр карданд, вале то шоми 29 апрел матни он ҳанӯз дар сомонаи расмии худи вазорат ва ҳам дар сомонаи “Ховар”, хабаргузории расмии ҳукумати Тоҷикистон нашр нашуда буд.
Нотаи эътирозӣ баёнгари идомаи танишҳоест, ки инак, чанд рӯз боз дар равобити байни Душанбе ва Маскав шиддат гирифтаанд.
Як рӯз қабл, рӯзи 28 апрели соли 2024 намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ гуфт, ки “вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳҳои Маскав дармондаанд, мураккаб боқӣ мемонад”. Бино ба иттилои ӯ, вазъи шаҳрвандони тоҷик ба хусус дар фурудгоҳи Внуково сахт буда, дар минтақаи муваққатан нигоҳ доштани шаҳрвандон дар ин фурудгоҳ дар як шароите, ки ҷавобгӯи меъёрҳои беҳдоштӣ нест, ба ҳолати то поёни рӯзи 27 апрел 954 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доштанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.