расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » САДАМАИ СОАТИ ЧОРИ ШАБИ МИКРОАВТОБУСИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР НАЗДИКИИ НОВОСИБИРСК

Асосӣ / Ҷомеа

САДАМАИ СОАТИ ЧОРИ ШАБИ МИКРОАВТОБУСИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР НАЗДИКИИ НОВОСИБИРСК

САДАМАИ СОАТИ ЧОРИ ШАБИ МИКРОАВТОБУСИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР НАЗДИКИИ НОВОСИБИРСК 
Шаби 25 апрели соли 2024, тақрибан соати 03:50, дар километри 124-уми шоҳроҳи федералии “Сибир”, дар ҳудуди ноҳияи Болотное дар вилояти Новосибирски Русия як микроавтобус, ки муҳоҷирони тоҷикро аз Красноярск ба Тоҷикистон мебурд, ба иллати лағжонак шудани роҳ дар пайи рехтани барф дар роҳ лағжида, ба самти муқобил баромадааст ва ба мошини боркаши тамғаи “Howo” бархӯрдааст. Дар натиҷа 4 нафар аз зодагони Тоҷикистон – ронандаи дуюм ва се мусофири микроавтобус. синну солашон аз 18 то 43 – ҷароҳат бардоштаанд.
Дар сабти видеорегистратор, ки “Вести.Новосибирск” нашр кард, дида мешавад, ки микроавтобус дар роҳи барфпӯш лағжида, тоб мехӯрад ва ба самти муқобил баромада, ба мошини боркаш бармехӯрад. Ин расона хабар дод, ки дар дохили микроавтобус 13 нафар аз Красноярск ба Тоҷикистон раҳсипор буданд.
Дар натиҷаи зарба ҳарду мошин ба ду тарафи роҳ паридаанд. Микроавтобус ба дарахтони ҷангалзори атрофи роҳ бархӯрда, мошини боркаши пур аз хӯрокворӣ ба як тараф чаппа шудааст. “Ёрии таъҷилӣ”-ро роҳгузаpон даъват кардаанд.
Гуфта мешавад, нафари бистаришуда ронандаи дувуми микроавтобус буда, 3 мусофири маҷруҳро ҷавоб додаанд. Як зан бо кӯдаки якунимсолааш, ки низ бо ҳамин микроавтобус ба Тоҷикистон сафар доштанд, хушбахтона, ягон осеб надидаанд.
Бино ба иттилои “Вести.Новосибирск”, мошини боркаши чаппашударо ба зудӣ ба соҳибаш бармегардонанд, вале микроавтобусро ба таваққуфгоҳ мебаранд. Онро фақат соҳибаш метавонад бигирад, вале соҳиби микроавтобус ҳоло дар Тоҷикистон будааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.