расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?

Асосӣ / Ҷомеа

Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?

Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир, лорд Дэвид Кэмерон – ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин вохурда, масоили ҳамкории дуҷонибарои баррасӣ намуд.
Сипас Дэвид Кэмерон барои шиносоии бештар бо зарфиятҳои энергияи сабз дар Тоҷикистон ба НБО-и «Норак» рафт. Ӯро дар ин сафар муовини сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода ва раиси “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода ҳамроҳӣ карданд. Меҳмононро дар шаҳри Норак гарму самимӣ ва бо рақсу суруд пешвоз гирифтанд.
Зимни шиносоӣ бо НБО-и “Норак” меҳмонон ба иқтидори энергетикии Тоҷикистон, ки қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол менамояд,  баҳои баланд доданд.
“Мо имкони таъсиси Фонди сармоягузорӣ барои дастгирии тиҷорати хурдро баррасӣ дорем, - гуфт ӯ ба рӯзноманигорон. - Ҳамчунин метавон барои сармоягузорӣ ба иқтисоди сабз фонди ҷудогона таъсис дод. Мо ҳамчунин ба омӯзиши забони англисӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ дорем. Мо мехоҳем, ки лоиҳаҳое чун CASA 1000 густариш ёбанд, ки ба интиқоли неруи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ шароит фароҳам меорад”.
Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир аз 15 январи соли 1992 роҳандозӣ шуданд ва ин аввалин сафари вазири корҳои хориҷии ин кишвар ба Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.