расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ТОЛИБОН ДАР КОБУЛ ХОНАИ САФИРИ АФҒОНИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОНРО ҒАСБ КАРДААНД

Асосӣ / Ҷаҳон

ТОЛИБОН ДАР КОБУЛ ХОНАИ САФИРИ АФҒОНИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОНРО ҒАСБ КАРДААНД

ТОЛИБОН ДАР КОБУЛ ХОНАИ САФИРИ АФҒОНИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОНРО ҒАСБ КАРДААНД
Намояндагони мусаллаҳи гуруҳи тундрави Толибон, ки умури Афғонистонро феълан ба дасти худ гирифтаанд, дар шаҳри Кобул хонаи Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистонро ғасб кардаанд. Инро худи генерал Ағбар тасдиқ кард ва гуфт,  афроди мусаллаҳи Толибон рӯзи 21 апрел ба хонаи ӯ дар маҳаллаи Кортаи чаҳори шаҳри Кобул ҳамла карда,  бо зӯргӯӣ ва силоҳ бошандагони хонаро пеш кардаанд ва худашон дар ин хона мустақар шудаанд.
"Панҷ сол пеш вақте маро сафири Афғонистон дар Тоҷикистон таъйин карданд ва Афғонистонро тарк кардам, манзили маскунии хешро ба гарави яке аз ҳамшаҳриён даровардам, ки то ҳол дар он ҷо ба сар мебурд", - гуфтааст Ағбар.
Моҳи июни соли 2023 афроди Толибон хонаи сеқабатаи Муҳаммадзоҳир Ағбарро дар рустои Рухаи дараи Панҷшер оташ зада буданд.
Генерал Муҳаммадзоҳир Ағбар низ зодаи Панҷшер буда, аз тарафи ҳукумати қаблӣ ба мақоми сафири Афғонистон дар Душанбе таъйин шуда буд. Генерал Ағбар режими нави Толибонро эътироф накард ва талаби Толибон дар мавриди  супурдани умури сафорати Афғонистон дар Душанберо низ напазируфт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.