расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ МУДИРИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ Б.ҒАФУРОВ ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ ПОРА

Асосӣ / Иқтисодиёт

БОЗДОШТИ МУДИРИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ Б.ҒАФУРОВ ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ ПОРА

БОЗДОШТИ МУДИРИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ Б.ҒАФУРОВ ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ ПОРА
Мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Олимова Манзура Зоидовнарӯзи 19 апрели соли 2024 ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш аз тарафи кормандони раёсати мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд дастгир карда шуд.
Дар ин бора як манбаи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” рӯзи 20 апрел хабар дод.
Ӯ ба далели фош накардани сирри тафтишот аз бурдани номи нафаре, ки ба Манзура Олимова пора додааст?, худдорӣ кард. Дар бораи бо чӣ қадар пора ба даст афтодани мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ маълумоти дақиқе ҳанӯз ба даст наомадааст.
Олимова Манзура дар вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамагӣ як сол ин ҷониб фаъолиятдошт. Манзура Олимова то таъин шуданаш ба вазифаи мудири шуъбаи маориф аз соли 2019 то соли 2023 мудири мактаби  миёнаи умумии №25 буд.
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бузургтарин ноҳияи Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин ноҳия беш аз 90 муассисаи таълимӣ фаъолият доранд ва то ҳанӯз дар ин муассисаҳои таълимӣ аз ҳамаи хонандагон ҳар моҳ 10 сомонӣ барои фонди мактаб ва барои обуна ба газетаву маҷаллаҳои расмӣ, аз ҷумла Ҷумҳурият, Садои мардум, Минбари халқ, Ҳақиқати Суғд, Бонувони Тоҷикистон, ва Имрӯз Нюс маҷбуран маблағ меситонанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.