расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БУД Ё НАБУД? ГУЗОРИШҲОИ ЗИДДУНАҚИЗ ДАР БОРАИ ҲАМЛАИ ҶАВОБИИ ИСРОИЛ БА ЭРОН

Асосӣ / Ҷаҳон

БУД Ё НАБУД? ГУЗОРИШҲОИ ЗИДДУНАҚИЗ ДАР БОРАИ ҲАМЛАИ ҶАВОБИИ ИСРОИЛ БА ЭРОН

БУД Ё НАБУД? ГУЗОРИШҲОИ ЗИДДУНАҚИЗ ДАР БОРАИ ҲАМЛАИ ҶАВОБИИ ИСРОИЛ БА ЭРОН
Мақомоти Эрон рӯзи 19 апрели соли 2024 суқут додани  чанд ҳавопаймои бесарнишинро тасдиқ карданд, вале хабарҳо дар бораи ҳамлаи мушакии Исроил ба хоки Ҷумҳурии исломиро рад карданд. Ин дар ҳолест, ки матбуоти расмии Эрон қаблан дар бораи таркишҳо дар атрофи шаҳри Исфаҳон дар қиcмати марказии Эрон, ба кор даромадани шабакаҳои дифои зиддиҳавоӣ дар устонҳои гуногуни ин кишвар ва қатъи парвозҳо дар чандин фурудгоҳ хабар дода буданд.
Ва аммо Ҳусейн Далериён, сухангӯи Агентии кайҳонии Эрон дар шабакаи Х (собиқ Твиттер) бо киноя навишт,  “ба назар мерасад, ки расонаҳои амрикоӣ хоб дидаанд, ки Исроил ба Эрон ҳамла кардааст. Вагарна ҳамлаи ноком бо чанд кводкоптар (навъе аз дрон), ки ниҳоятан ин чанд резпараранда ҳам сарнагун шуданд, дар ҳеҷ куҷои ҷаҳон ҳамла маҳсуб намешавад”.
Далериён ҳамлаи мушакӣ анҷом додани Исроил ба хоки Эронро рад кард.
Қаблан шабакаҳои телевизионии амрикоии CBS ва ABC бо такя ба мақомҳои расмии Амрико хабар доданд, ки Исроил Эронро мушакборон кардааст.
Субҳи 19 апрел хабаргузории эронии Форс низ хабар дод, ки дар атрофи пойгоҳи ҳавоии ҳарбии Шакарӣ дар наздикии фурудгоҳи Исфаҳон се таркиш рух додааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.