расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҒОРАТГАРӢ “БО МАСЛИҲАТИ ПЕШАКӢ” ДАР ҲАМАДОНӢ ВА БОЗДОШТИ 3 ДУЗД ДАР ДЕВАШТИЧ

Асосӣ / Ҷомеа

ҒОРАТГАРӢ “БО МАСЛИҲАТИ ПЕШАКӢ” ДАР ҲАМАДОНӢ ВА БОЗДОШТИ 3 ДУЗД ДАР ДЕВАШТИЧ

ҒОРАТГАРӢ “БО МАСЛИҲАТИ ПЕШАКӢ” ДАР ҲАМАДОНӢ ВА БОЗДОШТИ 3 ДУЗД ДАР ДЕВАШТИЧ
Ба ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ аризаи ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 13-уми апрели соли 2024, тахминан соати 21:30 дар саҳни ҳавлии зани 48-солаи сокини ҳамин ноҳия, шахсони номаълум ошкоро аз дохили ҷайби ӯ ҳамёнашро, ки дар дохилаш 80 сомонӣ, 1-адад корти “Душанбе-сити” ва шиносномаи миллиаш буд, гирифтаанд. Аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии ҶТ (авбошӣ) суд шудааст, бо маслиҳати пешакӣ бо соҳибхоназан, ки пеш бо моддаи 239 (даллагӣ ё нигоҳ доштани фоҳишахона) суд шудааст, содир намудаанд.
хххххххх
Ҷавони 20 ва мардони 28, 33-солаи сокинони ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшан шаби 1-уми апрели соли 2024, тахминан соати 01:00, аз хонаи истиқоматии марди 57-солаи сокини ноҳияи Деваштич 12 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.