расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЯК СОКИНИ ФАЙЗОБОД ҲАНГОМИ ЧУКРИЧИНӢ АЗ КӮҲ АФТОДА, ҶОН ДОДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

ЯК СОКИНИ ФАЙЗОБОД ҲАНГОМИ ЧУКРИЧИНӢ АЗ КӮҲ АФТОДА, ҶОН ДОДААСТ

ЯК СОКИНИ ФАЙЗОБОД ҲАНГОМИ ЧУКРИЧИНӢ АЗ КӮҲ АФТОДА, ҶОН ДОДААСТ
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки як сокини ноҳияи Файзобод бар асари як ҳодисаи нохуш ҳангоми чукричинӣ дар кӯҳ ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод, субҳи 16 апрели соли 2024 сокини 31-солаи деҳаи Кӯлобиёни ҷамоати Чашмасори ноҳияи Файзобод дар шарқи Тоҷикисто бо мақсади чидани чукрӣ ба як кӯҳи воқеъ дар наздикии деҳаашон рафтааст. Аммо мутассифона, ҳангоми чидани чукрӣ аз як теппаи баландиаш 30 метр сарозер шуда, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҷасади ӯро ҳамдеҳагонаш ёфта, ба деҳа овардаанд ва ба дасти наздикони марҳум супурдаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи марги сокини Файзобод ҳангоми чукричинӣ бори дигар аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хостааст, ки дар рӯзҳои пурбориш ва то хушк шудани бистари хок аз рафтан ба кӯҳҳо барои чидани ҳезуму гиёҳҳо ё барои шикору моҳидорӣ худдорӣ кунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.