расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ ЯК БЛОГЕРИ НОБОЛИҒ БАРОИ НАШРИ ВИДЕОҲОИ ҒАЙРИАХЛОҚӢ ВА ТАҲҚИРИ МОДАРИ ХУДАШ ДАР ПАХШИ МУСТАҚИМ

Асосӣ / Ҷомеа

БОЗДОШТИ ЯК БЛОГЕРИ НОБОЛИҒ БАРОИ НАШРИ ВИДЕОҲОИ ҒАЙРИАХЛОҚӢ ВА ТАҲҚИРИ МОДАРИ ХУДАШ ДАР ПАХШИ МУСТАҚИМ

БОЗДОШТИ ЯК БЛОГЕРИ НОБОЛИҒ БАРОИ НАШРИ ВИДЕОҲОИ ҒАЙРИАХЛОҚӢ ВА ТАҲҚИРИ МОДАРИ ХУДАШ ДАР ПАХШИ МУСТАҚИМ 
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 15 апрели соли 2024 аз ҳабси Фаррух Ҳалимов ном як блогери ноболиғ барои нашри маводи ғайриахлоқӣ ва таҳқири модари худаш дар ҷараёни пахши мустақим дар Инстаграм хабар дод.Худи Фаррух Ҳалимов  ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале милитсияи пойтахт дар робита ба қазия гуфт: “Гарчанде қаблан шаҳрванд Ҳалимов Ф. аз сабаби ноболиғ буданаш, барои паҳн намудани наворҳои ғайриахлоқӣ расман огоҳонида шуда бошад, ҳам вале амалу кирдорҳои ношоистаи худро идома дода, боиси норозигӣ ва вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардидааст.Номбурда мунтазам тавассути саҳифаи Инстаграми худ пахши мустақим намуда, бо алфози қабеҳ нисбати шаҳрвандон ва дигар истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дашном намудааст. Ҳамзамон, зимни яке аз пахши мустақим нисбати модари худ бадгуфторӣ намуда, дар байни оммаи шаҳрвандон шаъну шарафи модарашро паст задааст. Ин кирдорҳои ғайриахлоқонаи номбурда боиси норозигӣ ва вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардида, аз мақомоти милитсия дархост намудаанд, то ки нисбати Ҳалимов Ф. чораҳои қонунӣ андешаида шавад. Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати номбурда маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиш қарор дорад”.
Ба эҳтимоли ғолиб, ба далели ноболиғ будани Фаррух Ҳалимов волидони ӯро бар асоси қонуни масъулияти падару модар ҷарима мебанданд ва худашро ҳушдор медиҳанд, ки дигар даст ба чунин корҳои хилофи ахлоқ назанад.
Аз аввали соли ҷорӣ милитсияи Душанбе алакай чанд блогерро бо айни иттиҳоми “паҳн кардани наворҳои зиддиахлоқӣ” боздошт ва муҷозот кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.