расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » РАҲБАРИ ТОЛИБОН АМР ДОД, КИ ҲИКМАТЁРРО БА ҲАБСИ ХОНАГӢ БИАНДОЗАНД

Асосӣ / Ҷаҳон

РАҲБАРИ ТОЛИБОН АМР ДОД, КИ ҲИКМАТЁРРО БА ҲАБСИ ХОНАГӢ БИАНДОЗАНД

РАҲБАРИ ТОЛИБОН АМР ДОД, КИ ҲИКМАТЁРРО БА ҲАБСИ ХОНАГӢ БИАНДОЗАНД
Режими Толибон Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари74-солаи Ҳизби исломии Афғонистонро ба ҳабси хонагӣ маҳкум кардааст. Бино ба иттилои “Сангар”, пойгоҳи хабарие, ки асосан масоили Афғонистонро пайгирӣ мекунад, ин иқдом метавонад бо интиқодҳои ахири Ҳикматёр аз Толибон, аз ҷумла Толибонро ба фурӯши ҳарими ҳавоии Афғонистон ба Амрико муттаҳам кардани ин собиқадори ҳаракатҳои ҷиҳодии Афғонистон бастагӣ дошта бошад.
Яке аз наздикони Ҳикматёр ба хабарнигори “Сангар” дар Кобул гуфтааст, ки раҳбари Ҳизби исломӣ аз соати ҳашти субҳи 15 апрели соли 2024 ба дастури Мулло Ҳайбатуллоҳ, раҳбари Толибон ба ҳабси хонагӣ маҳкум шудааст.
Ин манбаъ гуфт: "Гурӯҳе аз толибони мусаллаҳ ба маҳаллаи Вазир Акбархон, ба хонае, ки Ҳикматёр дар он зиндагӣ мекунад, омаданд, хонаро муҳосира карданд ва ба касе иҷозаи вуруд ва мулоқот бо вайро намедиҳанд."
Вай афзуд, ки раиси Ҳизби исломӣ дигар ҳаққи мулоқот бо хабарнигорон, намояндагони сафоратхонаҳои хориҷӣ ва ҳатто аъзои ҳизби худро надорад.
Ин манбаъ гуфт: "Ҳар фарде, ки барои мулоқот бо вай меравад, бояд аз Раёсати амнияти миллӣ, шахсан аз Абдулҳақ Васиқ, раиси ин идора, ҷавози мулоқот дошта бошад."

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.