расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Расонаҳои Афғонистон: Марзбонони Тоҷикистон 7 афғонистониро ҳангоми убури ғайриқонунии марз ҳадафи тир қарор додаанд

Асосӣ / Сиёсат

Расонаҳои Афғонистон: Марзбонони Тоҷикистон 7 афғонистониро ҳангоми убури ғайриқонунии марз ҳадафи тир қарор додаанд

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дастикам 7 шаҳрванди Афғонистонро, ки ғайриқонунӣ вориди Тоҷикистон шудаанд, ҳадафи тир қарор додаанд. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ” бо такя ба манобеаш иттилоъ медиҳад
Ба гуфтаи манбаъ, ҳодиса шаби сешанбеи 9 апрел дар як нуқтаи марзии Афғонистон ва Тоҷикистон рух додааст.
Манобеи рӯзнома таъйид кардаанд, ки ин ҳодиса пас аз убури ғайриқонунии ин афрод аз тариқи рустои марзии Новободи ноҳияи Чоҳ Оби вилояти Тахор ба Тоҷикистон рух додааст.
"Манобеъ дар вилояти Тахор мегӯянд, ки ин афрод бо қочоқи маводи мухаддир машғул буданд", - менависад манбаъ.
Гуфта мешавад, марзиканҳо сокинони вилоятҳои Тахор ва Бадахшони Афғонистон буда, ҷасади ду нафарашон дар ноҳияи Чоҳ Оби вилояти Тахор ба хок супурда шудаанд.
Ҳувияти афроди фавтида ҳанӯз мушаххас нашудааст.
Ҷониби Тоҷикистон то ба ҳол хабари мазкурро тасдиқ ё такзиб накардаанд.
Ёдовар мешавем, ки сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки беш аз 1400 км дарозӣ дорад, яке аз масирҳои аслии вуруди маводи мухаддир аст. Ҳар сол марзбонони тоҷик аз даҳҳо ҳолатии убур ё кӯшиши убури ғайриқонунии марз ва пешгирӣ аз ону даргириҳо хабар медиҳанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.