расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » РАИСИ КУМИТАИ ЗАМИНИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА ЗАМИНФУРӮШӢ АЙБДОР МЕШАВАД

Асосӣ / Ҷомеа

РАИСИ КУМИТАИ ЗАМИНИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА ЗАМИНФУРӮШӢ АЙБДОР МЕШАВАД

РАИСИ КУМИТАИ ЗАМИНИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА ЗАМИНФУРӮШӢ АЙБДОР МЕШАВАД
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 9 апрели соли 2024 аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ ба зидди раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Кӯлоб Муродов О.М. хабар дод. Агентӣ мегӯяд: “Чунончӣ, Муродов О.М. дар давраи фаъолияти кориаш, тахминан моҳи октябри соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Қурбонов Р.А. даромада, аз охирин дар якчанд ҳолат бо ваъдаи аз маҳаллаи Зарринкӯҳи шаҳри Кӯлоб ҷудо карда додани 0,7 га қитъаи замини кишоварзӣ дар маҷмӯъ маблағи 81 ҳазору 400 сомонӣ гирифтааст, вале ба манфиати охирин ягон амали муайянро анҷом надодааст, балки маблағҳои мазкурро тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шаҳсиаш сарф кардааст, ки бо ин кирдори қасдонаи ҳуд ба шаҳрванд Қурбонов Р.А. зарари махсусан калони моддӣ расонидааст”.
Заминфурӯшӣ як арсаи аз ҳама доғи коррупсия дар шаҳру минтақаи Кӯлоб дониста мешавад ва алакай сари чандин мансабдори баландпояро дар ин минтақа хӯрдааст.
Аз ҷумла Баҳром Иноятзода, шаҳрдори собиқи Кӯлоб, соли 2020 бо ҷурми заминфурӯшӣ ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд. 
Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Сӯҳроб Раҳимов соли 2021 низ бо чунин иттиҳом дастгир шуд, вале бо пардохти 72 ҳазор сомонӣ ҷарима аз толори додгоҳ озод карда шуд.
Алихон Худоёрзода, муовини собиқи раиси ноҳияи Восеъ, низ ахиран бо ҷурми берун баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ ба 6 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. Худоёрзода раиси комиссияи тақсими қитъаҳои замини ин ноҳия буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.