расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БАРХӮРДИ МАРГБОРИ СКУТЕР БО ДУЧАРХА ДАР ВАХШ ВА “ОПЕЛ” БО ДАРАХТИ ТУТ ДАР ҚУБОДИЁН

Асосӣ / Ҷомеа

БАРХӮРДИ МАРГБОРИ СКУТЕР БО ДУЧАРХА ДАР ВАХШ ВА “ОПЕЛ” БО ДАРАХТИ ТУТ ДАР ҚУБОДИЁН

БАРХӮРДИ МАРГБОРИ СКУТЕР БО ДУЧАРХА ДАР ВАХШ ВА “ОПЕЛ” БО ДАРАХТИ ТУТ ДАР ҚУБОДИЁН
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи боз ду садамаи марговар дар ҷануби ҷумҳурӣ хабар дод. Аз ҷумла шаби 4-уми апрели соли 2024, тахминан соати 23:30, ронандаи дучархаи муҳаррикдори тамғаи “Скутер”, ноболиғ Назарзода М.М., соли таваллудаш 2006, сокини ноҳияи Вахш ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Навбунёд ба самти маркази ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи “Скутер” набаромада, дучархарони солхӯрда Болтаев Нусратулло, соли таваллудаш 1954, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Болтаев Н. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст. Вале табибон натавонистанд ӯро аз чанги марг наҷот диҳанд ва Болтаев Нусратулло рӯзи 6-уми апрели соли 2024, дар бемористон ҷон додааст.
Ҳамчунин нимаи дуюми рӯзи 7-уми апрели соли 2024, тахминан соати 16:00, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Азизов Саъди Неъматуллоевич, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҳудуди деҳаи С.Худойқулов, ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада ба дарахти тути канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронанда Азизов С.Н. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дохили автомашина Худойқулов Юнус Давронович, соли таваллудаш 1979, сокини ҳамин ноҳия, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.