расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АЗ ҲИССИЁТИ РАШК ВА ҚАҲРУ ҒАЗАБ: ҚАТЛИ БЕРАҲМОНАИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲИ ТИББӢ

Асосӣ / Ҷомеа

АЗ ҲИССИЁТИ РАШК ВА ҚАҲРУ ҒАЗАБ: ҚАТЛИ БЕРАҲМОНАИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲИ ТИББӢ

[media=]
Шаҳзод Назирзода, сокини 24-солаи шаҳри Истаравшан, ки бо ҳамсолаш Шаҳноза Қодирова аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсил мекард, чанд вақт боз робита барқарор карда буд, вале вақтҳои охир байни онҳо нофаҳмиҳои зиёд ба амал меомад.
Рӯзи 19 март, соати 14:30 Шаҳзод Назирзода дар назди гузаргоҳи роҳи оҳан роҳи Шаҳнозаро поидааст. Тафтишот бар ин аст, ки Шаҳзод он рӯз “аз ҳиссиёти рашк ва қаҳру ғазаб” аз қабл нақшаи куштани духтарро кашида буд ва аз ин рӯ, бо худ корд гирифта, ба мулоқот бо Шаҳноза омад.
Худи Шаҳзод Назирзода дар ин гузориш тасдиқ мекунад, ки дар ҳақиқат пешакӣ аз бозори “Сафариён” як корд харида, ба пеши Шаҳноза омад.
Вақте ки ин мулоқоти онҳо низ ба муноқиша печид, Шаҳзод кордро аз ҷайб берун бароварда, ба бадани Шаҳноза 7 зарба задааст. Шаҳзод Назирзода дар гузориши нашршуда ба таври муфассал нақл кард, ки чӣ гуна ба бадани духтари дӯстдоштааш зарба мезаду духтар ба хотири наҷоти ҷонаш кӯшиши фирор мекард. Дар гузориш изи зиёди хун дар танаи як лӯла ва ҳамчунин дар деворро нишон медиҳанд ва Шаҳзод низ эътироф мекунад, ки “инҳо ҳамааш хуни Шаҳноза аст”.
Шаҳзод Назирзода нақл кард, ки лаҳзаи ба духтар бо корд ҳамла кардани ӯро як зану чанд ҷавон шоҳид шуданд ва вақте ки он зан доду фарёд бардошт, ӯ аз ҷои ҳодиса фирор кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.