расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҶАНҶОЛИ ДУ ҲАМСОЯ БАРОИ ЗАМИНИ БОҒ ВА ҚАЛЛОБӢ БО 23 ТОННА ХОКАИ ҶОМАШӮӢ

Асосӣ / Ҷомеа

ҶАНҶОЛИ ДУ ҲАМСОЯ БАРОИ ЗАМИНИ БОҒ ВА ҚАЛЛОБӢ БО 23 ТОННА ХОКАИ ҶОМАШӮӢ

ҶАНҶОЛИ ДУ ҲАМСОЯ БАРОИ ЗАМИНИ БОҒ ВА ҚАЛЛОБӢ БО 23 ТОННА ХОКАИ ҶОМАШӮӢ
Марди 53-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров 26-уми марти соли 2024, тахминан соати 10:00, бо ҳамсояаш марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур аз сабаби аз замини боғҳояш ҷудо намудани девори симтӯри сохташуда ҷанҷол намуда, бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ якдигарро кашола намудаанд. Дар натиҷа, ҷабрдида бо шикам ба болои симтӯри аз арматураҳо мустаҳкамшуда афтида, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
хххххххххх
Марди 30-солаи сокини шаҳри Хуҷанд моҳи марти соли 2022 дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд бо марди 37-солаи сокини шаҳри Истаравшан вохӯрда, ба роҳи фиреб ба бовариаш даромада, бо баҳонаи хариду фурӯш ва гирифтани фоида 23 тонна хокаи ҷомашӯиро ба маблағи 261 ҳазор сомонӣ қабул намуда, онро ба дигар шахсон фурӯхта, маблағҳои ба даст овардаашро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.