расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ДАР КӮШОНИЁН ЯК ДУХТАРЧАИ ЧОРСОЛА ҒАРҚ ШУДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ДАР КӮШОНИЁН ЯК ДУХТАРЧАИ ЧОРСОЛА ҒАРҚ ШУДААСТ

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ДАР КӮШОНИЁН ЯК ДУХТАРЧАИ ЧОРСОЛА ҒАРҚ ШУДААСТ
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 27 марти соли 2024 як духтарчаи чорсола аз деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён дар канал афтода, ғарқ шудааст.
Танҳо субҳи 28 март, соати 08:30 ҷасади духтарчаи ғӯррамаргро 550 метр пойинтар аз ҷои ғарқ шуданаш пайдо карда, ба волидони ӯ супурдаанд.
Ин нахустин ҳолатҳои ғарқ шудани одамон дар обҳои Тоҷикистон дар соли ҷорӣ нест. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки тайи ду рӯзи 20 ва 21 марти соли 2024 дар дарёи Қаратоғ дар ғарби кишвар ду нафар: як духтари 17-сола ва як зани солхӯрдаи 66-сола ғарқ шуданд.
Бино ба омори расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, тайи соли 2023 дар обҳои Тоҷикистон 181 нафар, аз ҷумла 75 кӯдаку навраси то синни 16 ва 36 зану духтар ғарқ шудаанд. Соли 2022 дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумла 80  кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шуда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.