расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: МАРГИ 5 НАФАР ДАР ЯК САДАМАИ МУДҲИШ ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД. ТАНҲО ЯК КӮДАК ЗИНДА МОНД

Асосӣ / Ҷомеа

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: МАРГИ 5 НАФАР ДАР ЯК САДАМАИ МУДҲИШ ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД. ТАНҲО ЯК КӮДАК ЗИНДА МОНД

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: МАРГИ 5 НАФАР ДАР ЯК САДАМАИ МУДҲИШ ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД. ТАНҲО ЯК КӮДАК ЗИНДА МОНД
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 28 марти соли 2024, дар як садамаи мудҳиш дар роҳи Душанбе – Хуҷанд 5 нафар: ронанда ва 4 мусофираш ба ҳалокат расида, танҳо як духтарчаи шашсола ба таври мӯъҷизавӣ зинда мондааст. Ин ҳодиса 28 март, соати 12:40 дар километри 148,3-юми шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд, дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд садама рух додааст.
Наҷотбахшон аз баъши ҳолатҳои фавқулоддаи водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса омада, муайян кардаанд, ки як мошини тамғаи “Ravon”,  таҳти идораи сокини 33-солаи шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Хуҷанд ба тарафи пойтахт ба далели аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани ронанда, аз қисмати болоии роҳ ба қисмати поёнии он чаппа шудааст. Дар ин минтақа роҳ ба шакли серпантин аст.
Дар натиҷаи садама ронанда ва 4 мусофираш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, танҳо як мусофири хурдсол – сокини 6-солаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон зинда мондааст, вале ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Наҷотбахшон  ҷасадҳои ронандаву 4 мусофири ҳалокшударо аз дохили мошини пачақшуда берун овардаанд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд ва ба кӯдаки зиндамонда ёрии аввалини тиббӣ расонда, сипас ӯро ба дасти табибон додаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.