расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » РОНАНДАИ ТАКСИ ЯК ЗАНРО АЗ ДУШАНБЕ БА ХУРОСОН БУРДА, БА НОМУСАШ ТАҶОВУЗ КАРДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

РОНАНДАИ ТАКСИ ЯК ЗАНРО АЗ ДУШАНБЕ БА ХУРОСОН БУРДА, БА НОМУСАШ ТАҶОВУЗ КАРДААСТ

РОНАНДАИ ТАКСИ ЯК ЗАНРО АЗ ДУШАНБЕ БА ХУРОСОН БУРДА, БА НОМУСАШ ТАҶОВУЗ КАРДААСТ 
Каримов Абдуқодир Шарипович, соли таваллудаш 1985, сокини кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 5 фарзанд,  шаби 9 март бо мошини шахсиаш, тамғаи “Ҳюндай Соната”, дар назди истгоҳи бозори “Саховат”-и пойтахт ба ҷабрдида, ки ба шаҳри Бохтар раҳсипор буд, ваъда додааст, ки ӯро бо нархи арзон бурда мерасонад. Ҳангоми расидан ба ҳудуди деҳаи Ҳисорободи ҷамоати Фахрободи ноҳияи Хуросон, Каримов мошинашро аз шоҳроҳи асосӣ ба гардиши тарафи рост ронда, дар як ҷои торику беодам манъ кардааст. Баъди ин ӯ “бо мақсади қонеъ сохтани нафси шаҳвониаш” ҷабрдидаро мавриди латтукӯб қарор дода, бо зӯрӣ ба номуси он зан дастдарозӣ карда, нисбат ба он зан ҳамчунин “дигар кирдорҳои бадахлоқонаро содир кардааст”.
Худи Абдуқодир Каримов дар макони ҷиноят дар ин гузориш ҷараёни ҳодисаро чунин нақл кард: “Ҳай кардам омадам ҳамин ҷо, баъд фаромадаму дарро ҳуй кардам. Вай шиштагӣ буд ва ман бо мушт дар рӯяш задам.  Ягон 2 мушт задам дар рӯяш”. 
Дар посух ба суоли корманди милитсия, ки бо кадом мақсад он занро ба инҷо оварда буд?, Каримов гуфт: “Бо мақсади таҷовуз оварда будамаш”.
Каримов баъди содир кардани ҷинояти нангин, ҷабрдидаро, ки аз зарбаҳои равонию ҷисмонии бардоштааш дар ҳолати мадҳушӣ қарор дошт, дар ҳамон ҷо партофта, фирор кардааст. Ӯ бидуни ягон азоби виҷдон ҳамон шаб ба Душанбе баргаштааст. Бо умеди ин ки ҷинояташ пинҳон мемонад ва касе ӯро пайдо карда наметавонад...

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.