расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР ТОҶИКИСТОН ХОНАИ ЯК МУТТАҲАМИ АСОСӢ ДАР ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТИИ МАСКАВРО МУҲР ЗАДААНД

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

ДАР ТОҶИКИСТОН ХОНАИ ЯК МУТТАҲАМИ АСОСӢ ДАР ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТИИ МАСКАВРО МУҲР ЗАДААНД

ДАР ТОҶИКИСТОН ХОНАИ ЯК МУТТАҲАМИ АСОСӢ ДАР ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТИИ МАСКАВРО МУҲР ЗАДААНД
Мақомоти Тоҷикистон ба дари хонаи Фаридуни Шамсиддин, як муттаҳами асосӣ ба ҳамлаи хунини шоми 22 март дар канори Маскав муҳр задаанд. Дар ин бора рӯзи 26 марти соли 2024 хабарнигори хабаргузории русии РИА Новости дар пайи боздидаш аз маҳалли зисти Фаридуни Шамсиддин дар деҳаи Лойоб дар дараи Алмосӣ дар канори шаҳри Ҳисор хабар дод.
Зани ҳамсоя ба журналист гуфтааст, ки “аҳли ин оиларо як рӯз пеш одамони либоси махсуси мақомот дар тан ба Душанбе бурданд”.
Ба ба гузориши хабарнигори РИА Новости, рӯзи 26 март дар назди хонаи ба зоҳир хоксорона ва аз “семблок” сохташудаи хонаводаи Фаридуни Шамсиддин як корманди милитсия навбатдорӣ мекард ва ӯ ба журналист бидуни иҷозаи мақомоти тафтишотӣ гирифтани видео ё акси хонаро манъ кардааст.
Мақомоти Русия, бино ба иттилои дарёфтӣ, Фаридуни Шамсиддинро саркардаи дастае мешуморанд, ки шоми 22 март пеш аз консерти гуруҳи мусиқии роки “Пикник” ба толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав ҳамла кард. Дар натиҷаи он ҳамла 139 нафар кушта ва беш аз 180 тани дигар захмӣ шуданд.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории дигари русии “Россия сегодня” бо такя ба манбааш дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон хабар дод, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҳқиқи мустақилонаи ҳамлаи Красногорскро оғоз кардааст ва мақомоти амниятӣ тамоми робитаҳои эҳтимолии ҳамлагарон дар дохили Тоҷикистонро ҷустуҷӯ доранд ва хешу табори онҳоро таҳти бозҷӯиҳои мӯшикофона қарор додаанд.
 “Бар илова, мақомоти маҳаллӣ аҳли хонавода ва атрофиёни террористҳоро дар мавриди паҳн накардани ҳар гуна маълумот ҳушдор додаанд”, - хабар додааст “Россия сегодня”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.