расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР ДУШАНБЕ ЯК ҶАВОНЗАН ШАВҲАРАШРО БО ЯК ЗАРБАИ КОРД КУШТААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

ДАР ДУШАНБЕ ЯК ҶАВОНЗАН ШАВҲАРАШРО БО ЯК ЗАРБАИ КОРД КУШТААСТ

ДАР ДУШАНБЕ ЯК ҶАВОНЗАН ШАВҲАРАШРО БО ЯК ЗАРБАИ КОРД КУШТААСТ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як муноқишаи хунини оилавӣ, ки мутаассифона, бо куштор анҷомид, хабар дод.  Ба фарқ аз дафъаҳои қаблӣ, ки асосан занон қурбони шавҳарони бадҷаҳлашон мешуданд, ин дафъа зан шавҳарашро бо як зарбаи корд ба қафаси синааш куштааст.
Бино ба итттилои ВКД,  зани 34-солаи сокини шаҳри Душанбе шаби 22 ба 23-юми марти соли 2024, тахминан соати 02:00 дар хонаи истиқоматиашон бо шавҳараш ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, шавҳари 38-солаашро 1-маротиба ба тарафи чапи қафаси синааш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Тафсилоти дигари ин ҳодисаи фоҷиавӣ дастрас нест. Маълум нест, ки оё чӣ боиси муноқишаи маргбор байни зану шавҳар шудааст ва оё чӣ занро ба сухан ё рафтори шавҳар занро водор кардааст, ки ба даст корд бигирад ва ба қафаси синаи шавҳараш бизанад? Ва он ҳам дар моҳи шарифи Рамазон.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.