расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МАЪМУРХОН АЗ НОМИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАЗДИ БИНОИ "КРОКУС СИТИ ҲОЛЛ" 2 МОШИН ГУЛ БУРД

Асосӣ / Муҳоҷир

МАЪМУРХОН АЗ НОМИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАЗДИ БИНОИ "КРОКУС СИТИ ҲОЛЛ" 2 МОШИН ГУЛ БУРД

МАЪМУРХОН АЗ НОМИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАЗДИ БИНОИ "КРОКУС СИТИ ҲОЛЛ" 2 МОШИН ГУЛ БУРД 
Маъмурхон Алимов, як ҷавони зодаи Тоҷикистон рӯзи 26 марти соли 2024 ба назди лавҳаи ёдгорӣ дар назди толори консертҳои "Крокус Сити Ҳолл"  дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав ду мошин гул бурда, ин ҳама гулро бо чунин як навиштаҷот ба ёди қурбониёни ҳамлаи хунини шоми 22 март дар ин толор бахшидааст: "Халқи тоҷик ба даҳшат афтода, ҳамроҳи шумо ғарқи андӯҳ шудааст. Изҳори ҳамдардии самимонаи моро бипазиред”.
Дар мусоҳиба бо РИА Новости Маъмурхон Алимов гуфт, ки ӯ мехост тамоми анбори гулҳои мағозаашро ба инҷо биорад.
"Онҳое, ки ин корро карданд, онҳо инсон нестанд, ифлосанд. Аз ин рӯ, барои ин 4 нафар набяод тамоми халқи тоҷики моро нодуруст қазоват кунанд. Мардуми тоҷик ҳамроҳи мардуми Русия ғарқи андӯҳ аст, чунки ончӣ, ки рух дод, коре хеле ғамангез ва даҳшатбор буд. Ман ҳамчун шаҳрванди Русия, ки дар Тоҷикистон ба дунё омадаам. Ба наздикон ва хонаводаҳои кушташудагон изҳори ҳамдардии амиқ мекунам", - изҳор дошт Маъмурхон Алимов.
Рӯзи 27 март  Телеграм-канали “База”  дар бораи корнамоии Бунавшоҳ Эркинов, як навраси 17-сола аз шаҳри Конибодоми Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 22 март баъди биноро тарк кардани ҳамкоронаш дар ҷои кор бо як марди дар он ҳамла маҷруҳшуда истодааст. Бунавшоҳ тоза 3 рӯз пеш ба ҳайси пешхидмат дар меҳмонхонаи “Аквариум”, ки дар бинои “Крокус Сити Ҳолл” ҷойгир шудааст, ба кор даромада буд, ки ин ҳамлаи террористӣ рух дод.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.