расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Гулмаҳмадзода дар китоби таслият дар Вазорати умури хориҷии Русия сабт гузошт

Асосӣ / Сиёсат

Гулмаҳмадзода дар китоби таслият дар Вазорати умури хориҷии Русия сабт гузошт

Раҳбари намояндагии Тоҷикистон дар китоби таслият дар Вазорати корҳои хориҷии Русия дар робита ба қурбониёни сершумори ҳамлаи террористӣ навиштае гузоштааст
Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл изҳори ҳамдардӣ кард.
Дар ин бора сафорати ҷумҳурӣ дар Маскав хабар медиҳад.
Сардори намояндагии Тоҷикистон аз Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия дидан кард. Ӯ дар китоби таслият дар робита ба фоҷеа, ки рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл рух дод, навиштае гузоштааст.
Гулмаҳмадзода ба аҳли хонавода ва наздикони қурбониёни ҳамлаи террористӣ изҳори тасаллияти самимӣ намуда, инчунин ба ҳамаи осебдидагон шифои ҳарчи зудтар таманно кардааст.
Посол Республики Таджикистан в Российской Федерации Давлатшо Гулмахмадзода посетил Министерство иностранных дел Российской Федерации и оставил запись в книге соболезнований в связи с многочисленными жертвами террористического акта в комплексе Крокус Сити Холл. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2024
Посол Республики Таджикистан в Российской Федерации Давлатшо Гулмахмадзода посетил Министерство иностранных дел Российской Федерации и оставил запись в книге соболезнований в связи с многочисленными жертвами террористического акта в комплексе "Крокус Сити Холл".
Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар дар тан камуфляж ва бе ниқоб вориди бинои марказ шуданд. Онҳо аз масофаи дур одамонро тир мепарронданд, ки баъд аз он курсиҳои толори аудиторияро оташ мезаданд, бомбаҳои оташзананда низ мепартофтанд, ки боиси сӯхтор гардид.
Масоҳати сӯхтор беш аз 3 ҳазор метри мураббаъро ташкил додааст. Якчанд чархбол оташро хомуш карданд. Амалиёти наҷот дар маҳалли ҳамлаи террористӣ дар Крокус ба анҷом расида, ҷустуҷӯ идома дорад.
Тибқи маълумоти ахири Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия, шумори кушташудагон ба 139 нафар расидааст, ки се нафари онҳо кӯдакон мебошанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.