расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ БО ГУМОНИ “АЛОҚА БО НИҲОДҲОИ ҶОСУСИИ УКРАИНА”

Асосӣ / Муҳоҷир

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ БО ГУМОНИ “АЛОҚА БО НИҲОДҲОИ ҶОСУСИИ УКРАИНА”

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ БО ГУМОНИ “АЛОҚА БО НИҲОДҲОИ ҶОСУСИИ УКРАИНА”
Телеграм-канали ба мақомоти қудратии Русия наздики “Мash” рӯзи 26 марти соли 2024  хабар дод, ки як ҷавони 29-солаи зодаи Тоҷикистон дар Маскав бо гумони “иртибот бо ниҳодҳои ҷосусии Украина” дастгир шудааст.
 “Шоми гузашта кормандони ДПС мошини тамғаи “Mazda 3”-ро, ки аз ҷониби Қаҳрамон Мерганови 29-сола идора мешуд, манъ карданд. Ронанда хеле асабонӣ ба назар мерасид ва аз ин рӯ кормандони пулис тасмим гирифтанд, ки ӯро кофтукоб кунанд. Дар телефони ӯ кормнадони пулис мукотибааш бо шаҳрвандони Украина ва Тоҷикистонро пайдо карданд, ки лаҳнаш зидди Русия буд. Маълум гардид, ки қаблан Мерганов худаш ҳам як муддат дар Киев зиндагӣ кардааст. Пулис ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ кардааст — телефон ва мошини Қаҳрамонро ба ин далел муваққатан аз дасташ гирифтанд”, - гуфта мешавад дар хабар.
Тафсилоти дигаре оварда нашудааст. Маълум нест, ки ин ҷавони тоҷикро дар кадом қисмати Маскав манъ карданд ва ӯ дар пойтахти Русия чӣ кор мекард. Дар Интернет дар бораи ӯ ягон маълумоти дастрас ба ҷуз аз хабари боздошти ахираш вуҷуд надорад. 
Худи Қаҳрамон Мерганов ваё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд.
Боздошти Қаҳрамон Мерганов нахустин мавридҳои ҳабси зодагони Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми “ҳамкорӣ бо мақомоти Украина” нест.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.