расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » САРТАРОШИ ХУБ БУД... МУҲАММАДСОБИР ФАЙЗОВ КИСТ?

Асосӣ / Муҳоҷир

САРТАРОШИ ХУБ БУД... МУҲАММАДСОБИР ФАЙЗОВ КИСТ?

САРТАРОШИ ХУБ БУД... МУҲАММАДСОБИР ФАЙЗОВ КИСТ?
Модари Муҳаммадсобир Файзов, дар гузашта сартарош ва ҳоло яке аз гумонбарон ба ҳамлаи маргбор дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав, мегӯяд, ба иттиҳоми эълоншуда ба зидди писараш дар Русия бовар надорад. Додгоҳи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзи 24-уми март Файзовро ба иттиҳоми амали террористӣ то 22 май ба ҳабс гирифт. Модари ӯ, Сайрам Файзова, рӯзи 26-уми март дар хонааш дар ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, ҳеч бовараш намеояд, ки фарзандаш ҳамлаи террористӣ анҷом додааст.
"Дар оила бачаи беҳтарин буд. Беҳад дилсӯз буд. Ҷиянҳояшро дӯст медошт. Тӯйи рафиқонашро дӯст медошт. Ҳамроҳи бачаҳо дар маъракаҳо рақс мекард," – нақл кард ӯ.
Хонум Файзова дар гузашта дар мактаб ба ҳайси китобдор кор кардааст, ҳоло нафақахӯр аст.
Ӯ мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон як писари дигарашро ба бозпурсӣ бурда, ҳанӯз ҷавоб надодаанд. Шавҳараш дар Ивановои Русия аст, вале се рӯз боз дар тамос нестанд. "Мақомот телефонҳои моро гирифтанд, имкони гап задан нест ҳоло," -- гуфт Сайрам Файзова.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.