расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МУФАТТИШОНИ РУСИЯ БАРОИ БОЗПУРСИИ ХЕШУ ТАБОРИ 4 МУТТАҲАМИ АСОСӢ БА ДУШАНБЕ ОМАДААНД

Асосӣ / Муҳоҷир

МУФАТТИШОНИ РУСИЯ БАРОИ БОЗПУРСИИ ХЕШУ ТАБОРИ 4 МУТТАҲАМИ АСОСӢ БА ДУШАНБЕ ОМАДААНД

МУФАТТИШОНИ РУСИЯ БАРОИ БОЗПУРСИИ ХЕШУ ТАБОРИ 4 МУТТАҲАМИ АСОСӢ БА ДУШАНБЕ ОМАДААНД
Се манбаъ дар мақомоти амниятии Тоҷикистон ба хабаргузории Рейтерс тасдиқ кардаанд, ки муфаттишони Русия ба Тоҷикистон омадаанд ва алакай рӯзи сешанбе, 26 марти соли 2024 ба бозпурсии хешовандони наздики 4 муттаҳами асосӣ дар ҳамлаи хунини шоми 22 март дар шаҳри Красногорски вилояти Маскав, ки 139 кушта ба ҷо гузошт, шурӯъ кардаанд.
Бино ба гузориши хабарнигори Рейтерс дар Душанбе Назаралӣ Пирназаров, “ин манобеъ, ки салоҳияти дар маҳзари ом шарҳ додани қазияро надоранд, хабар доданд, ки мақомоти қудратии Тоҷикистон хешовандони муттаҳамонро аз шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор ва ҳамчунин аз ноҳияи Рӯдакӣ ба пойтахт, шаҳри Душанбе оварданд. Бино ба маълумоти ин сарчашмаҳо, ҷараёни тафтишотро шахсан президент Эмомалӣ Раҳмон таҳти назорати худ гирифтааст”.
Дар ҳамин ҳол, хабарнигорон дар пайи боздид аз хонаҳои 3 нафар аз 4 муттаҳами асосии ҳамлаи Красногорск дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Ҳисор барои бозпурсӣ ба Душанбе бурдани хешовандони ин 4 нафарро тасдиқ карданд.
Хабарнигорон шоми 25 март ба хонаи Саидакрам Раҷабализода ба шаҳри Ваҳдат рафтаанд, вале  дар хона танҳо яке аз наздиконашро пайдо кардаанд. Ӯ гуфтааст, ки пас аз он ҳодиса мақомоти Тоҷикистон "модар, бародар, ҳамсар ва ду амаки Саидакрам Раҷабализодаро барои бозпурсӣ ба Душанбе бурданд."
Яке аз хешовандони гумонбари дигар Фаридуни Шамсиддин низ рӯзи 25-уми март дар хонаашон дар деҳаи Лойови шаҳри Ҳисор гуфтааст, ки "ҳамсар, падару модар ва хушдоманашро ба Душанбе барои бозпурсӣ бурданд." Хабарнигорон бо айни вазъ дар хонаи Муҳаммадсобир Файзов дар Душанбе дучор шудаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.