расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МАРЗБОНОНИ ТОҶИК ЧАНД ҶАНГАЛРО ДАР ҚАЛАМРАВИ АФҒОНИСТОН ОТАШ ЗАДААНД

Асосӣ / Ҷомеа

МАРЗБОНОНИ ТОҶИК ЧАНД ҶАНГАЛРО ДАР ҚАЛАМРАВИ АФҒОНИСТОН ОТАШ ЗАДААНД

МАРЗБОНОНИ ТОҶИК ЧАНД ҶАНГАЛРО ДАР ҚАЛАМРАВИ АФҒОНИСТОН ОТАШ ЗАДААНД
General Plus (“Ҷенерал Плас”), як Ютуб-канали хабарӣ, ки асосан масоили Афғонистонро пайгирӣ мекунад, рӯзи 24 марти соли 2024 бо такя ба манобеи маҳаллӣ дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Тахор хабар дод, ки нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон бахшҳое аз ҷангалзорҳои воқеъ дар марзи ноҳияҳо, ё вулусволиҳои Дашти Қалъа ва Дарқадро оташ задаанд.
Ин ду вулусволӣ дар марз бо ноҳияҳои Ҳамадониву Фархор ва Панҷи вилояти Хатлони Тоҷикистон ҷойгир шудаанд ва аз масирҳои умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” ба шумор мераванд.
Мақомоти амниятии Тоҷикистон, аз ҷумла Сарраёсати қӯшунҳои сарҳаддии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ва ҳамин тавр, намояндагони Толибон, ки аз августи соли 2021, инак дуюним сол боз умури Афғонистонро дар даст доранд, то ҳол ин хабарро шарҳ надодаанд.
Аммо манобеи маҳаллӣ дар Тахор рӯзи шанбе, 23 март гуфтаанд, ки марзбонони тоҷик бо мақсади ҷилавгирӣ аз вуруди қочоқбарони маводи мухаддар ва гуруҳҳои силоҳбадаст вориди марзи Афғонистон шуда, ҷангалҳоро дар ин сӯи марз оташ задаанд. Ба эҳтимоли ғолиб, ин ҷангалҳо аз сӯи қочоқчиён ҳамчун пинҳонгоҳ қабл аз убури марз ва интиқоли маводи мухаддир истифода мешуд. Дар вақтҳои охир, ба нигарониҳои ҷониби Тоҷикистон аз самти Афғонистон бар иловаи қочоқи маводи мухаддир боз хатари марзро рахна кардани гуруҳҳои силоҳбадасти мухолифини мусаллаҳи ҳукумати кунунии президент Эмомалӣ Раҳмон афзудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.