расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » "Чаро маро гузошта рафтӣ?" Ҷамшед солҳост, падарашро меҷӯяд

Асосӣ / Ҷомеа

"Чаро маро гузошта рафтӣ?" Ҷамшед солҳост, падарашро меҷӯяд

Ҷамшед Деҳқонбоеви 38-сола, ки дар яке аз бозорҳои Душанбе ароба мекашад, падарашро ҷустуҷӯ дорад. Ин мард, ба гуфтаи ӯ, ба эҳтимоли зиёд дар вилояти Ҷиззахи Узбекистон аст, аммо бо хонавода ва фарзандони дигар.
"Падарам Деҳқонбоев Бердимурод Охунович аст. Бемор ҳастам ва пизишкон гуфтанд, аз умрат чанд моҳи дигар монда. Аз ин рӯ, мехоҳам, ӯро пайдо кунам," – нақл кард ӯ ба хабарнигорони Радиои Озодӣ.
Ҷавон сабаби беморияшро низ гуфт, аммо феълан нашр намешавад.

Орзуи пайдо кардани падар ва дидани ӯ бо Ҷамшед Деҳқонбоев якҷоя бузург мешаванд. Мегӯяд, падараш вайро дар тифлӣ гузошту рафт ва модараш низ ҳангоми наврасии ӯ аз беморӣ даргузашт.
Як муддат дар тарбияи бобо монд ва пас аз марги ӯ дар ятимхона бузург шуд. Ҳоло мехоҳад, ки чанд суоли беҷавобро аз падараш бипурсад: "Мехоҳам, як дафъа бинам ва пурсам, ки чаро аз ман мегурезад? Мехоҳам, як бор ӯро ба оғӯш гирам. Ба мисли дигарон дар наздаш шинам, суҳбат кунам. Азобҳои дидаамро дар зиндагӣ барояш қисса кунам."

Ҷамшед Деҳқонбоев нақл кард, ки борҳо таънаи ятим буданро шунидааст ва мехоҳад бо ёфтани падар ин “доғ”-ро низ бишӯяд.
“Солҳо азоби бекасӣ дидам. Ҳатто хешовандон дар рӯзҳои сахт дастамро нагирифтанд. Хонаву дар надоштам. Як ё ду бор ба хешовандон гуфтам, ба ман ҳам ёрӣ кунед, то хонаву дар кунам. Гуфтанд, рав падаратро ёб, ҳар кас зиндагии худашро созад.”
Ба нақли ҷавон, пас аз издивоҷ ва интихоби ҳамсар низ, бахт ба рӯяш нахандид. Аз ду ҳамсар ҳам ҷудо шуд ва фарзанд надорад. Мегӯяд, бемор аст ва барои ёфтану дидани падараш фурсати андак дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.