расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДОДГОҲИ ТОБОЛСК ДОНИЁРҶОН ОХУНОВРО ТО 15 МАЙ БА ҲАБСИ ХОНАГӢ ГИРИФТ

Асосӣ / Муҳоҷир

ДОДГОҲИ ТОБОЛСК ДОНИЁРҶОН ОХУНОВРО ТО 15 МАЙ БА ҲАБСИ ХОНАГӢ ГИРИФТ

ДОДГОҲИ ТОБОЛСК ДОНИЁРҶОН ОХУНОВРО ТО 15 МАЙ БА ҲАБСИ ХОНАГӢ ГИРИФТ
Хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои вилояти Тюмени Русия рӯзи 19 марти соли 2024 хабар дод, ки додгоҳи шаҳри Тоболски ин вилоят Дониёрҷон О., соли таваллудаш 2002-ро, ки бар асоси қисми дуюми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия ба авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ айбдор мешавад, то 15 май ба ҳабси хонагӣ гирифт. 
Додгоҳ гуфт, рӯзи 15 марти соли 2024 ин ҷавон дар даромадгоҳи бинои қитъаи овоздиҳӣ як петардаро кафондааст. Дар натиҷа худи ин ҷавон аз панҷаи дасти чап ва пешониаш захм бардошта, дигар ягон кас осеб надидааст.
“Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ, донишҷӯ нақл кард, ки сабаби ин кирдораш қарзе шуд, ки ӯ таҳти таъсири қаллобон гирифт. Ин қаллобон қариб 2 миллион рубли ӯро тасарруф кардаанд”,  - гуфта мешавад дар иттилоияи додгоҳ.
Қаблан гузориш шуда буд, ки рӯзи 15 март, дар рӯзи аввали овоздиҳӣ дар интихоботи президенти Русия донишҷӯи тоҷикистонии соли дуюми коллеҷи тиббии шаҳри Тоболск дар қитъаи интихоботии воқеъ дар бинои гимназияи ба номи Литсман дар касаба ё микрорайони ҳафтуми шаҳри Тоболск як петардаро кафондааст.
Ба донишҷӯи зодаи Тоҷикистон бар асоси қисми дуюми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз ним миллион то як миллион рубл, ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 5 сол ваё то 7 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.
Дар ҳамин ҳол, сафорати Тоҷикистон дар Русия дар шарҳи қазияи Тоболск хабар дод, ки "шаҳрванд Охунов Дониёрҷон Ғафурҷонович соли таваллудаш 13.02.2002, гарчанде зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ҳам, шаҳрванди  Русия мебошад".

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.