расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДОНИШҶӮИ ТОҶИК ДАР ЯК ҚИТЪАИ ОВОЗДИҲӢ ДАР РУСИЯ ПЕТАРДАРО КАФОНДААСТ

Асосӣ / Муҳоҷир

ДОНИШҶӮИ ТОҶИК ДАР ЯК ҚИТЪАИ ОВОЗДИҲӢ ДАР РУСИЯ ПЕТАРДАРО КАФОНДААСТ

ДОНИШҶӮИ ТОҶИК ДАР ЯК ҚИТЪАИ ОВОЗДИҲӢ ДАР РУСИЯ ПЕТАРДАРО КАФОНДААСТ
Дониёрҷон ном ҷавони 22-сола аз Тоҷикистон, ки донишҷӯи коллеҷи тибби шаҳри Тоболски вилояти Тюмени Русия будааст, ба доми фиреби қаллобон афтода, ба хотири баргардондани қариб 2 миллион рубл пулҳои аздастдодааш рӯзи 15 марти соли 2024 дар ҷараёни рӯзи аввали овоздиҳӣ дар интихоботи президенти Русия дар як қитъаи интихоботӣ дар шаҳри Тоболск петардаро кафондааст. 
Бино ба иттилои манобеи “База”, рӯзи 15 март ба Дониёрҷон шахсони ношинос занг зада, худро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ кардаанд. Ин қаллобон бо роҳи фиреб ӯро мутақоид сохтаанд, ки ҳисобҳои бонкиаш таҳти хатар қарор дорад. Oнҳо Дониёрҷонро моил кардаанд, ки аз бонкҳо қарз бигирад ва ба онҳо бифиристад. Дониёрҷон ба ин қаллобон бовар карда, ба ҳисобҳои нишондодаи онҳо маблағи хеле бузург:  1 миллиону 880 ҳазор рубл, баробари 20 ҳазор долларро интиқол додааст.
Баъди ин қаллобон ба донишҷӯ “фаҳмондаанд”, ки ӯ метавонад пулҳояшро пас бигардонад, вале барои ин бояд дар қитъаи овоздиҳӣ гон петардаро битарконад. Дониёрҷони фирефташуда як петарда харида, бо худ ба қитъаи овоздиҳии воқеъ дар бинои гимназияи ба номи Литсман дар микрорайони ҳафтуми Тоболск рафтааст. Дар толори овоздиҳӣ Дониёрҷон петардаро кафонданӣ шудааст, вале он дар дасташ таркидааст ва ҷавон аз ноҳияи панҷаи дасти чап ва пешониаш ҷароҳат бардоштааст.
Баъди таркондани петарда Дониёрҷонро дастгир кардаанд. Ба ҷавони тоҷикистонӣ бар асоси моддаи 141 Кодекси ҷиноятии Русия барои монеъ шудан ба рафти овоздиҳӣ дар интихобот ҳамчун ҷазо ҷаримаи ҳангуфт ё корҳои ҳатмӣ ё ислоҳӣ, ё то 6 моҳи ҳабс ваё то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.