расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ ЯК МАСЪУЛИ ВОЕНКОМАТИ ҲИСОР ВА ШАРИКИ Ӯ БАРОИ ГИРИФТАНИ ПОРА

Асосӣ / Иқтисодиёт

БОЗДОШТИ ЯК МАСЪУЛИ ВОЕНКОМАТИ ҲИСОР ВА ШАРИКИ Ӯ БАРОИ ГИРИФТАНИ ПОРА

БОЗДОШТИ ЯК МАСЪУЛИ ВОЕНКОМАТИ ҲИСОР ВА ШАРИКИ Ӯ БАРОИ ГИРИФТАНИ ПОРА
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 19 марти солои 2024 аз ошкор шудани боз як ҳолати талаби пул барои билети ҳарбӣ хабар дод.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, рӯзи 14 марти соли 2024 шаҳрванд Амиров Ф.Ҳ. бо ариза унвонии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда, хоҳиш кардааст, то нисбат ӣа сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидории Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор Каримов Б.З. ва бародари шафқати Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор Салимов Н.С. чораи қонунӣ андешида шавад. 
Ба гуфтаи даъвогар, корманди комиссариат ва бародари шафқат аз ӯ барои ба рӯйхати даъватшавандагони алтернативӣ номнавис кардан ғайриқонунӣ маблағи 17 000 сомонӣ (беш аз 500 доллар) талаб намуда, аз ин маблағ охири моҳи феврали соли ҷорӣ маблағи 8000 сомонироӣ гирифта, ҳоло овардани боқимонда маблағи 9000 сомониро талаб карда истодаанд.
 “Дар ин замина, худи ҳамон рӯз аз ҳисоби кормандони мақомот гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, бо андешидани чораҳои зарурӣ Салимов Н.С. баъди аз шаҳрванд Амиров Ф.Ҳ. гирифтани маблағи 9000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд”, - гуфта мешавад дар хабар.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.