расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЛАТТУКӮБИ ДОНИШҶӮИ ТОҶИК ВА ҲАМСАБАҚҲОЯШ БАРОИ НАМОЗХОНӢ ДАР ҲИНДУСТОН

Асосӣ / Муҳоҷир

ЛАТТУКӮБИ ДОНИШҶӮИ ТОҶИК ВА ҲАМСАБАҚҲОЯШ БАРОИ НАМОЗХОНӢ ДАР ҲИНДУСТОН

ЛАТТУКӮБИ ДОНИШҶӮИ ТОҶИК ВА ҲАМСАБАҚҲОЯШ БАРОИ НАМОЗХОНӢ ДАР ҲИНДУСТОН 
Пулиси ҷиноии шаҳри Аҳмадобод, бузургтарин шаҳри аёлати Гуҷарат дар ғарби Ҳиндустон хабар дод, ки шоми шанбе, 16 марти соли 2024 дар як хобгоҳи донигоҳи Гуҷарат дар Аҳмадобод як гурҳи донишҷӯёни мусулмони хориҷӣ барои онки дар моҳи барои мусулмонон муқаддаси Рамазон дар хобгоҳ намоз мехонданд, ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.
Донишҷӯёне, ки аз ҷониби як гуруҳи бузурги иборат аз 20-25 нафар дар заминаи бадбинии динӣ латтукӯб шуданд, аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Шри Ланка ва Африқои ҷанубӣ барои таҳсил ба Ҳиндустон омада буданд. Ду нафар аз ин донишҷӯён  – аз Шри-Ланка ва Тоҷикистон – дар пайи ин ҳамла дар бемористон бистарӣ карда шудаанд. Номи донишҷӯёни латтукӯбшуда нашр нашудааст.
Комиссари пулиси Аҳмадобод Г.С.Малик дар шарҳи ин ҳодиса гуфт: “Ягон 20-25 нафар вориди хобгоҳ шуда, алайҳи намозхонии донишҷӯёни хориҷӣ эътироз кардаанд ва талаб гузоштаанд, ки онҳо намози худро рафта дар масҷид бихонанд, на дар хобгоҳ. Дар ин замина байни онҳо муноқиша ба амал омадааст ва ҳамлагарон ба донишҷӯёни хориҷӣ дарафтода, онҳоро сангборон кардаанд. Ҳамлагарон ҳуҷраҳои ин донишҷӯёнро низ торумор кардаанд”.
Пулиси Аҳмадобод хабар дод, ки алакай ду нафарро дар робита ба ин ҳамлаи гуруҳӣ болои донишҷӯёни мусалмон дастгир кардаанд ва ҷустуҷӯи ҳамлагарони дигар идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.