расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ПАРДАБАРДОРӢ АЗ НИМПАЙКАРАИ РӮДАКӢ ДАР ЛОНДОН

Асосӣ / Ҷаҳон

ПАРДАБАРДОРӢ АЗ НИМПАЙКАРАИ РӮДАКӢ ДАР ЛОНДОН

ПАРДАБАРДОРӢ АЗ НИМПАЙКАРАИ РӮДАКӢ ДАР ЛОНДОН 
Дар шаҳри Лондон, пойтахти Британия Кабир  аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Британия дар донишгоҳи SOAS, ё Мактаби мутолиоти Осиё ва Африқо, барномаи илмӣ- фарҳангӣ зери унвони "Рӯдакӣ - падари шеъри форсию дарию тоҷикӣ" баргузор шуда, дар доираи ин барнома пардабардорӣ аз нимпайкараи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сурат гирифт. 
Бино ба гузориши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар оғози маросим сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир Рухшона Эмомалӣ ва ба дунболи ӯ, ду профессори донишгоҳи SOAS суханронӣ карданд ва сипас нимпайкараи Рӯдакиро дар ҷамъи меҳмонон рӯнамоӣ карданд.
Дар ҷараёни барнома ҳунармандон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Амонқулова, Хуршед Иброҳим таронаҳо бар ашъори Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро иҷро карданд.
Донишгоҳи SOAS (SOAS University of London; the School of Oriental and African Studies) як ниҳоди таҳқиқотиест, ки бахше аз Донишгоҳи федералии Лондон ба шумор меравад ва ҳанӯз соли 1916 таъсис ёфтааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.