расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АРХИ САФАРИ ҲАҶ АЗ ТОҶИКИСТОН ИМСОЛ КАМЕ АРЗОНТАР ШУДААСТ

Асосӣ / Дин

АРХИ САФАРИ ҲАҶ АЗ ТОҶИКИСТОН ИМСОЛ КАМЕ АРЗОНТАР ШУДААСТ

АРХИ САФАРИ ҲАҶ АЗ ТОҶИКИСТОН ИМСОЛ КАМЕ АРЗОНТАР ШУДААСТ
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон рӯзи 18 марти соли 2024 хабар дод, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории ҳукумати Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо барои мавсими Ҳаҷҷи соли равон 57 ҳазор сомонӣ муайян карда шуд. Имсол нархи роҳхатти Ҳаҷҷи асосӣ назар ба соли гузашта, ки нархи сафари Ҳаҷ 59 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда буд, 2 ҳазор сомонӣ, ё тақрибан 180 доллар арзонтар аст.
Кумитаи дин дар иттилоияш гуфт: “Маблағи мазкур барои харидории билети ҳавопаймо (рафту баргашт), иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Макка ва Мадина, таъмини се вақт хӯрок дар давоми сафар, хидматрасонии роҳбаладон, таъмини шароити иқдомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, пардохти маблағи қурбонӣ, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда-Макка-Мино-Арафот-Муздалифа-Мино-Макка-Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина ва таъмини онҳо бо маводи доруворӣ, суғурта, падохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб дар бораи маносики ҳаҷ ва таҳияи бейҷикҳо истифода мешавад”.
Кумитаи дин гуфт, довталабони сафари Ҳаҷ тибқи рӯйхат маблағҳои худро ба таври ғайринақдӣ тавассути филиалҳои ҶСК “Ориёнбонк” пардохт карда метавонанд.
Сафари зоирон ба Ҳаҷ дар нимаи дуюми моҳи май дар назар дошта шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.