расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) дар сомонаи расмии худ феҳристи навбатии варзишгаронро дар радабандии инфиродии ҷаҳонӣ ва олимпӣ нашр кардааст

Асосӣ / Варзиш

Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) дар сомонаи расмии худ феҳристи навбатии варзишгаронро дар радабандии инфиродии ҷаҳонӣ ва олимпӣ нашр кардааст

Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) дар сомонаи расмии худ феҳристи навбатии варзишгаронро дар радабандии инфиродии ҷаҳонӣ ва олимпӣ нашр кардааст.
Тибқи ин феҳрист 10 варзишгари тоҷик ба қатори 50 ҷудокори беҳтарини ҷаҳон дохил шуданд, 6 нафари онҳо дар ҳамин ҳол ба рӯйхати варзишгароне, ки меъёрҳои олимпиро иҷро кардаанд, шомиланд.
Агар онҳо мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ то 23-юми июни соли 2024 аз даст надиҳанд, дасти кам панҷ нафарашон соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024 мешаванд.
Дарвоқеъ, аз ду варзишгари як кишвар, ки дар як вазн меъёрҳои олимпиро иҷро мекунанд, бар асоси муқаррарот танҳо як нафари онҳо дар Бозиҳои олимпӣ иштирок хоҳад кард.
Паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов, ки ба иллати табобати ҷароҳаташ дар мусобиқоти имсола иштирок накардааст, мавқеи пешсафиашро дар вазни сангинтарин миёни мардон нигоҳ дошта натавонист.
Ӯ дар феҳристи ҷаҳонӣ дар вазни беш аз 100 кило бо 5895 имтиёз дар ҷойи дувум ва дар феҳристи олимпӣ бо 3950 имтиёз дар ҷойи чаҳорум қарор дорад.
Сомон Маҳмадбеков дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 81 кило бо 4041 имтиёз ҷойи 7-ум ва дар феҳристи олимпӣ бо 2880 имтиёз ҷойи 13-умро касб кардааст.
Беҳрӯзи Хоҷазода дар феҳристи ҷаҳонӣ дар вазни то 73 кило бо 3718 имтиёз ҷойи 9-ум ва дар феҳристи олимпӣ бо 3235 имтиёз ҷойи 8-умро гирифтааст.
Комроншоҳи Устопириён дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 90 кило бо 3010 имтиёз ҷойи 19-ум ва дар феҳристи олимпӣ бо 2446 имтиёз ҷои 19-умро ишғол мекунад.
Эмомалӣ Нуралӣ дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 66 кило бо 3288 имтиёз дар ҷойи 14-ум ва дар феҳристи олимпӣ бо 3163 имтиёз дар ҷойи 9-ум аст.
Дар вазни то 66 кило, инчунин, Обид Ҷебов дар радабандии ҷаҳонӣ бо 2188 имтиёз дар ҷойи 27-ум ва дар феҳристи олимпӣ бо 1997 имтиёз дар ҷойи 24-ум мебошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.