расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЗАМИНЛАРЗАИ ЧОРБАЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ ДАР ШАРҚИ ТОҶИКИСТОН

Асосӣ / Ҷомеа

ЗАМИНЛАРЗАИ ЧОРБАЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ ДАР ШАРҚИ ТОҶИКИСТОН

ЗАМИНЛАРЗАИ ЧОРБАЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ ДАР ШАРҚИ ТОҶИКИСТОН
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 18 марти соли 2024, соати 07:10 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ заминларза рух додаст. Маркази офати табиӣ дар 
148-километрии шарқи Душанбе ва 66-километрии ҷанубушарқи шаҳраки Ғарм, маркази маъмурии ноҳияи Рашт ҷойгир шуда, шиддати заминларза дар марказаш 4 балл ва дар Душанбе 2 баллро ташкил додааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ин офат, хушбахтона, ягон осебу зарар ба ҷо нагузоштааст.
Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.