расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ШУМОРАИ МОШИНҲО ДАР ТОҶИКИСТОН БА 666 ҲАЗОР РАСИД. 3 МАРОТИБА БЕШТАР АЗ СОЛИ 1991 (!!!)

Асосӣ / Ҷомеа

ШУМОРАИ МОШИНҲО ДАР ТОҶИКИСТОН БА 666 ҲАЗОР РАСИД. 3 МАРОТИБА БЕШТАР АЗ СОЛИ 1991 (!!!)

ШУМОРАИ МОШИНҲО ДАР ТОҶИКИСТОН БА 666 ҲАЗОР РАСИД. 3 МАРОТИБА БЕШТАР АЗ СОЛИ 1991 (!!!)
Дар Тоҷикистон  солҳои охир шумораи  автомобилҳо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти РБДА ВКД ҶТ, то 1 марти соли 2024 дар ҷумҳурӣ расман 666 074 воситаи нақлиёти автомобилӣ - сабукрав, боркаш, мусофирбар ба қайд гирифта шудааст.
Як сол пеш ин рақам ба 601 136 баробар буд.Яъне дар як соли охир шумораи автомобилҳо дар Тоҷикистон қариб 65 ҳазор адад, ё наздики 12% афзудааст.
Айни замон дар кишвар 562 000 мошини сабукрав ба қайд гирифта шудааст. Соли 1991 дар қаламрави Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини хусусии сабукрав ба қайд гирифта шуда буд.
То 1 марти соли 2023 дар ҷумҳурӣ 51 781 мошини боркаш, 16 491 мошини мусофирбар, 524 045 адад автомобили сабукрав, инчунин 4419 притсеп ва нимпритсеп ба қайд гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки то соли 2013 истеҳсол шудаанд,  тибқи қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2023 таҳти рақами 355 манъ карда шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.