расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Вазири корҳои хориҷии Узбекистон Бахтиёр Саидов рӯзи 12-уми март ба шаҳри Кобули Афғонистон рафт ва бо намояндагони "Толибон" гуфтугӯ кард.

Асосӣ / Ҷаҳон

Вазири корҳои хориҷии Узбекистон Бахтиёр Саидов рӯзи 12-уми март ба шаҳри Кобули Афғонистон рафт ва бо намояндагони "Толибон" гуфтугӯ кард.

Вазири корҳои хориҷии Узбекистон Бахтиёр Саидов рӯзи 12-уми март ба шаҳри Кобули Афғонистон рафт ва бо намояндагони "Толибон" гуфтугӯ кард.
Саидов ҳамчунин дар ин сафар бо мақомдорони баландпояи дигари Толибон мулоқот ва гуфтугӯ кардааст.
"Дар ҷараёни суҳбатҳо мо масоили гуногуни ҳамкориҳои мутақобилро баррасӣ кардем. Ба ташкили шароити мусоид барои тақвияти робитаҳои иқтисодӣ ва беҳсозии муносибатҳои тиҷории ду кишвар таваҷҷуҳи хос равона шуд", - омадааст дар хабари Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон.
Ин нахустин сафари Бахтиёр Саидов ба ҳайси вазири корҳои хориҷии Узбекистон ба Афғонистон аст.
Як сол пеш вазири вақти корҳои хориҷии Узбекистон Абдулазиз Комилов бо намояндагони "Толибон" гуфтугӯ карда буданд.
Моҳи октябри соли гузашта ҳайтаи Узбекистон бо роҳбарии муовини сарвазир Ҷамшед Хоҷаев ба Афғонистон рафта буд. Як моҳ пеш раиси Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон Абдусалом Азизов дар Кобул бо вазири муваққати мудофиаи Толибон Муҳаммад Яъқуб мулоқот кард.
Моҳи декабри соли 2022 президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфта буд, ки омодаи ҳамкорӣ бо ҳукумати "Толибон" ҳастанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.