расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати корманди МД «Истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе» ба гумони қаллобӣ хабар дод

Асосӣ / Ҷомеа / Иқтисодиёт

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати корманди МД «Истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе» ба гумони қаллобӣ хабар дод

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати корманди МД «Истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе» ба гумони қаллобӣ хабар дод.
Тавре ки Агентии мазкур хабар медиҳад, саркори муассиса А.Файзов дар давраи фаъолияти кориаш аввали моҳи апрели соли 2022 ба шаҳрванд А.Қурбонов ваъда медиҳад, ки бо маблағи муайян ӯро бо кор дар муассиса таъмин мекунад.
“Барои ин ӯ аз Қурбонов 100 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда медиҳад, ки дар таъини Қурбонов ба вазифаи сармуҳосиби муассиса кумак мекунад. Минбаъд ӯ ягон амали муайянро иҷро накарда, ин маблағро тасарруф ва ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф мекунад”, - омадааст дар хабари Агентӣ.
Аз рӯи ин далел нисбати А.Файзов мувофиқи банди “б”, қисми 4, моддаи 247 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Дар бораи кай ошкор шудани далели қаллобӣ ва кай оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ маълумот дода намешавад.
Дар ин модда ҷарима дар ҳаҷми аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда - 72 сомонӣ) ва маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 12 сол бо мусодираи амвол ва маҳрум гардидан аз ҳуқуқи ишғол намудани вазифаҳои муайян/машғул шудани ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.