расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Муҳриддин: Тақвияти равобит бо Эрон аз авлавиятҳои қатъии Тоҷикистон аст

Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Муҳриддин: Тақвияти равобит бо Эрон аз авлавиятҳои қатъии Тоҷикистон аст

Вазирони хориҷаи Эрону Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти фавқуллодаи Созмони Ҳамкории Исломӣ, ки дар Ҷидда мегузарад, дидор ва гуфтугӯ карданд

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Ҳусайн Амирабдуллоҳён вазири умури хориҷаи Эрон дар ҳошияи нишасти фавқуллода Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Ҷидда бо мавзуи Ғазза бо Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кард.
Вазири хориҷаи Эрон ду миллати Эрону Тоҷикистонро хешованд донист ва бо таъкид бар аҳамияти тавсеаи рӯзафзуни равобит бо Тоҷикистон ба унвони увлавияти муҳими сиёсати хориҷӣу сиёсати ҳамсоягии Эрон, бар омодагӣ барои иҷрои комили ҳамаи асноди имзо шуда дар дидори мутақобили руасои ҷумҳури ду кишвар дар Теҳрону душанбе таъкид кард.
Вазири умӯри хориҷаи Эрон ҳамкориҳо дар заминаи хадамоти фаннии муҳандисӣ, ширкатҳои донишбунён, тронзит, энержӣ, илму омӯзиширо аз фурсатҳои хуби ҳамкории миёни ду кишвари баршумурд ва гуфт тавофуқоти хубии миён ду кишвар дар ин заминаҳо вуҷуд дорад, ки бояд бо талоши муштарак онҳоро иҷро ва муҳаққиқ кунем.
Аамирабдуллоҳён аз тасҳили иртибототи мардумӣ миёни ду кишвари истиқбол ва ҳимоят кард. Ҳамчунин аз тадовуми машваратҳои сиёсии миёни ду кишвари истиқбол ва барои анҷоми он дар Теҳрону Душанбе эълом омодагӣ намуд.
Вазири умури хориҷаи Эрон аз мавқеъи давлати Тоҷикистон дар иртибот бо Фаластин ташаккур кард ва мушорикати Тоҷикистон дар нишасти Ҷидда суханронии вазири хориҷаи Тоҷикистонро дорои паёмии муҳиму умедбахш барои миллати Фаластин арзёбӣ кард.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон низ бо ибрози хурсандӣ аз ин дидор, аз ибтикори Эрон барои баргузарии иҷлоси фавқуллода вузарои хориҷаи кишварҳои исломӣ дар хусуси Фаластин ташаккур кард ва онро нишонаи иҳтимоми олӣ ва инсонии Эрон нисбат ба вазъи Фаластин донист.
Вазири тоҷик афзуд, тақвияти равобит бо Эрон аз увлавиятҳои қатъӣ Тоҷикистон аст. Вай бар аҳамияти иҷрои асноди имзо шуда дар ҷараёни дидори руасои ду кишвар дар Душанбеу Теҳрон низ таъкид намӯд .
Созмони Ҳамкории Исломӣ нишаст изтирории вузарои хориҷаи кишварҳои исломиро ахиран дар шаҳри Ҷидда барои баррасии авзоъи Ғазза баргузор кардааст.
Созмони ҳамкории исломии 57 узв дораду дабирхонаи он дар Ҷидда мустақар аст.
Дабири кули Созмони Ҳамкории Исломӣ ва як тими ҳуқуқӣ чанде пеш дар додгоҳи байналмилалӣ ба номи ин Созмон изҳорномаи шифоҳӣ, ки дар он ба ҷиноёти Исроил алайҳи мардуми Фаластин ба вижа дар навори Ғазза пардохта шуд, ироа карданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.