расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Барои дарёфти Ҷоми шаҳрдори пойтахт зиёда аз 200 гӯштингир аз 40 кишвар ба Душанбе меоянд

Асосӣ / Варзиш

Барои дарёфти Ҷоми шаҳрдори пойтахт зиёда аз 200 гӯштингир аз 40 кишвар ба Душанбе меоянд

Рӯзи 8 март дар Қасри теннис ва навъҳои варзиши обии Душанбе мусобиқаи 5-уми байнулмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳр баргузор мешавад.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд, барои иштирок дар ин мусобиқа зиёда аз 200 гӯштингир аз 40 кишвар ба шаҳри Душанбе меоянд. Фонди мукофотпулии мусобиқа 100 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ки аз ҳисоби фонди шаҳрдор ҷудо карда мешавад.
“Мусобиқа аз субҳ оғоз гардида, лекин маросими расмии ифтитоҳи он соати 15:00 ба нақша гирифта шудааст. Пас аз маросими ифтитоҳ варзишгарон ба қувваозмоиҳои финалӣ мепардозанд ва дар онҳо ғолибон муайян карда мешаванд”, - гуфтанд дар шаҳрдорӣ.
Мусобиқаи бузургмиқёс барои дарёфти Ҷоми раиси Душанбе аллакай маротибаи панҷум маъмулан дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз баргузор мешавад. Дуруст аст, ки имсол он бо ҷашни дигар - рӯзи 8 март - Рӯзи модар рост меояд. Соли 2023 ин мусобиқа рӯзи 19 март доир гардида буд.
Соли гузашта барои иштирок дар мусобиқаи гӯштингирӣ дар Душанбе варзишгарони 25 кишвар омада, фонди мукофтпулии он 120 ҳазор долларро ташкил дода буд.
Он замон гӯштингирон дар 5 дараҷаи вазн қувваозмоӣ намуда, барои ҷойи якум - 10 ҳазор, ҷой дуюм - 7 ҳазор ва ҷойи сеюм - 3 ҳазор доллар мукофотпулӣ гирифта буданд.
Дар мусобиқаи соли 2023 ду намояндаи Тоҷикистон - Мулораҷаб Халифаев (65 кг) ва Наврӯзи Каримзод (71 кг) медалҳои тилло ба даст оварданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.